13.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон ба дипломатҳои Афғонистон муҳлат додааст?

Пас аз эълом шудани дидори ҳайати Толибон аз Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ инак хабари муҳлат додани Тоҷикистон ба дипломатҳои Афғонистон дар Тоҷикистон расонаӣ мешавад.

Имрӯз, 27-уми марти соли 2023, хабарнигори Афғонистон хонум Сония Ниёзӣ дар саҳфаи твиттериаш иттилоъ дода, ки “пас аз Эрон Тоҷикистон ҳам ба дипломатҳои Афғонистон дар Тоҷикистон муҳлат дода, то ҷойро барои Толибон холӣ кунанд.

Аммо, дар ҳамин ҳол яке аз собиқ дипломатҳои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар суҳбат ба Azda tv гуфт, хабари муҳлат додан ба дипломатҳои Афғонистон дар Тоҷикистон, ки ҷойро барои Толибон холӣ кунанд, сиҳат надорад.

Пеш аз ин Вазорати корҳои хориҷии Толибон хабар дода буд, ки шанбеи 25-уми марти соли ҷорӣ як ҳайате бо раҳбарии масъули идорӣ ва молии ин вазорат мавлавӣ Муҳаммадмӯсо Амирӣ аз Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бар асари барфрезӣ осеб дида буд, дидан кардааст.

Собиқ дипломати Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар суҳбат ба Azda tv дар бораи ин дидори ҳайати Толибон аз Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ тавзеҳ дода гуфт, “ин хабар дуруст аст. Қонсули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ 8 моҳ пеш дар Дубай ба Толибон байъат карда буд ва эълони омодагӣ барои таслими Қунсулгариро карда буд ва танҳо мунтазири иҷозаи Тоҷикистон буданд.”
Ин дипломати собиқи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон таъкид кард, ки “маъмулан кишварҳо зомини амнияти сафоратҳо ҳастанд ва дар таъйин ва тағйироти дохилӣ ҳаққӣ дахолат надоранд ва (мавзӯҳо) бояд байни худи соҳибони сафорат ҳал шавад. Агар сафир Ағбар низ бо Толиб байъат кунад, шароити интиқол фароҳам мешавад.”


Пеш аз ин сарпарати Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ ҳам дар як суҳбати худ бо ББС дар мавриди муносибатҳояшон бо кишварҳои ҳамсоя гуфта буд: “тамоми бандарҳои Афғонистон боз аст, тиҷорат аз пеш ҳам зиёд шуда, содирот зиёд шуда, тааллуқоти мо хуб шуда ва дар шаш кишвари ҳамсоя сафоратхонаву консулгариҳо марбути Иморати исломӣ аст. Бо шумули Русияву Туркияву Қатару Асрабистони Саудиву Молизия ва баъзе кишварҳои дигар, ки дипломатҳои мо то ҳол ба онҳо равон накардем, вале суҳбатҳо ҳаст, ки онҳо (ҳам) итоат мекунанд.”


Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон, ки то чанд вақте пеш аз минбарҳои баланд бо шиддат алайҳи Толибон мавзеъ мегирифтанд, дар чанд моҳи ахир лаҳни худро алаҳи Толибон ба нармӣ табдил доданд ва бо вуҷуд расонаӣ шудани ин хабарҳои ахир ва пайдо шудани вокунишҳои мухталиф, ҳанӯз ҳам дар ин бора ба сурати расмӣ чизе нагуфтаанд. Сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе низ то ҳол дар ин бора вокунише накардааст.

Аз замони дубора дар 15-уми августи соли 2021 сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон Тоҷикистон ҳеч гоҳ дари сафорат ва консулгариҳои худро дар ин кишвари ҳамсоя набаст ва мисли дигар кишварҳо дипломатҳои худро ба Ватан даъват накард, балки ҳамагуна робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии худро беш аз пеш густариш дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.