22.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон бо қимати 2,27 дирам ба Узбакистон барқ фурӯхтааст

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ содироти нерӯи барқ ба хориҷи хориҷи кишвар 56,4% афзоиш ёфтааст.

Ба қавли манбаъ, Тоҷикистон дар ин давраи ҳисоботӣ истеҳсоли умумии нерӯи барқро ба 11,812 млрд кВт/соат расонидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,2% зиёд мебошад. Ва аз ин ҳисоб 1,123 млрд кВт/соат барқи истеҳсолшударо ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхтааст, ки 56,4% нисбат ба соли гузашта зиёдтар аст.

Вазорати энергетика ва захираҳои об таъкид кардааст: “Ҳаҷми умумии содироти энергияи барқ бо натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2025 – 1 млрд 123,3 млн кВт соат ё ба маблағи 322,6 млн сомониро ташкил дод (аз он ҷумла 2,1 млн кВт соат ё 0,8 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК “Помир-Энерҷӣ”), ки ин нисбат ба ҳамин давраи гузашта 405 млн кВт соат ё 56,4 % зиёд мебошад. Энергияи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 718 млн кВт соат ба маблағи 312 млн сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Узбекистон 395,8 млн кВт соат ба маблағи 9 млн сомонӣ содирот карда шуд.” 

Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар 1кВт соат нерӯи барқро Афғонистон бо нархи 43.4 дирам фурӯхта шудааст. Аммо дар ҳамин давраи ҳисоботӣ бар ивази ҳар 1 кВт соат нерӯи барқ аз Узбекистон ҳамагӣ 2,27 дирам, баробар ба 0,24 сенти амрикоӣ пул дарёфт кардааст, ки хилофи талаботи қонунгузорӣ ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Пеш аз ин Ҳукумати Тоҷикистон қарор содир карда буд, ки аз якуми апрели соли 2025 сокинон барои ҳар киловат соат барқ 35,36 дирам, корхонаҳои коркарди нахи пахта 40,45 дирам, литсей ва гимназияҳои хусусӣ 60,70 дирам ва корхонаҳои истеҳсолӣ 80,90 дирам пардохт мекунанд.

Аммо, ин дар ҳолест, ки бо нархномаи нав ба ширкатҳои наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нерӯи барқ арзонтар фурӯхта мешавад. Аз ҷумла, “Талко” барои ҳар киловат соат барқ – 20,77 дирам, “Азот” – 35,36 дирам ва “Комбинати металлургии Тоҷикистон” – аз 1-уми май то 30-юми сентябр 14,19 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел 80,90 дирам пардохт мекунанд.

Болоравии арзиши барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинони кишвар бо лимити барқ рӯ ба рӯ буда, аз охири моҳи сентябр барои сокинони деҳоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат ва дар баъзе минтақаҳои дурдаст аз ин ҳам камтар барқ дода мешавад.

Ва интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷ зиёд шуда, нархи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ барои Афғонистон 46 дирам (4,2 сент), барои Узбекистон 21,2 дирам (ҳудуди 2 сент) ва барои Қирғизистон 10,7 дирам (0,98 сент)-ро ташкил медиҳад.

Инчунин, ахиран Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарори дигар дастур дода буд, ки Лоиҳаи ҳамкорӣ бо Узбакистон дар соҳаи электроэнергетика ба имзо бирасад. Ин санад дар портали иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Тибқи ин қарор, Тоҷикистон қисме аз нерӯи барқи тавлидшуда дар НОБ-и “Роғун”-ро бо қимати 03,4 сенти амрикоӣ, бар асоси қурби имрӯз баробар ба 32,71 дирам барои ҳар як киловатт-соат ба Узбекистон мефурӯшад.

Мутобиқи ин қарори ҳукумат, шартномаи хариду фурӯш байни шикрати “Барқи Тоҷик”-и Тоҷикистон ва “Узэнергосотиш”-и Узбакистон ба имзо расида, интиқоли нерӯи барқ тибқи ҷадвали мувофиқашуда ва соатҳои камбудииқтидор (аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр) дар низоми барқии Узбакистон анҷом дода мешавад.

Гуфтанист, тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши барқ асосан дар моҳҳои май, июн ва июл сурат гирифтааст. Яъне, баъд аз моҳи 1-уми апрел. Бинобар ин, агар Вазорати энергетика ва захираҳои об тиқби Қарори Ҳукумати Тоҷикистон бо қимати 21,2 дирам ҳар 1 кВт соат барқро дар ин давра ба Узбекистон мефурӯхт, ба ҷои 9 миллион сомонӣ 83,79 млн ба даст меовард, ки 74,79 миллон сомонӣ зиёдтар аст. Аммо чаро чунин коре хилофи Қарори Ҳукумат анҷом дод ва ин 74,79 млн сомониро аз куҷо ва кудом ҳисоб ба буҷаи давлат ворид мекунад, номаълум.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чорумин ҳолати марги зодагони Бадахшон дар зиндон

Эроншо Маҳмадраҳимови 39-сола, зиндонии сиёсӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 23-юми июни соли ҷорӣ дар зиндони рақами 6-и Ваҳдат даргузашт.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба Русия эътимод накунед!

Собиқ сафири Ироқ дар Тоҷикистон мегӯяд, пеш аз оғози ҷанги Ироқ Эмомалӣ Раҳмон барояш гуфтааст, ки ба Русия эътимод накунед!

Гуруснагии шадид дар Ғазза ҷони 147 нафарро гирифт

Танҳо давоми 24 соати гузашта 14 нафар дар Навори Ғазза ба сабаби гуруснагии шадид ҷони худро аз даст доданд, ки ду нафарашон кӯдакони навзод буданд.

Вазири маориф: Пулҷамъкунӣ дар мактабҳо ғайрқонунӣ аст, аммо …

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пулҷамъкунӣ барои таъмири мактабҳоро, ки аллакай ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст, ғайрқонунӣ хонд.