Ҷудокорони Тоҷикистон бо дарёфти 11 медал дар мусобиқаи ”Dushanbe Grand Slam 2025” ҷойи аввалро ба даст оварданд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии Ҷудо, мусобиқаи мазкур рузҳои 2 то 4-уми майи соли ҷорӣ дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии Душанбе баргузор шуд. Ҷудокорони тоҷик дар ин мусобиқа 11 медал, аз ҷумла 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда, барандаи мусобиқаи байналмилалии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2025 ” шуданд.
Дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо, ки бори дувум аст дар Душанбе баргузор мешавд, 36 ҷудокор – 28 мард ва 8 зан – Тоҷикистонро намояндагӣ карданд. Дар маҷмуъ 226 варзишгар аз 27 кишвари дунё – 123 мард ва 103 зан – дар ин мусобиқа иштирок карданд.
Дар охарин рӯзи мусобиқа ҷудокорони Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали тилло, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг медали нуқра ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни -100 кг медали нуқра касб карданд.
Рӯзи аввал ва дувуми мусобиқа варзишгарони Тоҷикистон Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали тилло, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни -73 кг медали тилло, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали тилло, Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) нуқра, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) нуқра, Ёсин Бобокалонов (дар вазни -66 кг ) медали биринҷӣ, Мадина Қурбонзода (дар вазни -52 кг) медали биринҷӣ ва Абубакр Шеров дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки дар маҷмуъ 8 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) мешавад.
Дар ҷойи дуюм дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо дарёфти 4 медал (2 тилло ва 2 нуқра) ва дастаи мунтахаби Фаронса бо ба даст овардани 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, мусобиқоти “Dushanbe Grand Slam 2025” яке аз болотарин чорабиниҳо пас аз бозиҳои олимпӣ, мусобиқоти ҷаҳонӣ ва чанде дигар аст. Иштирок дар ин мусобиқот ба ҷудокорон имкон медиҳад то имтиёзоти болои ранкингро, ки барои ширкат дар бозиҳои олимпӣ ва дигар чорабиноҳои бузург зарурӣ аст, касб кунанд.
Дар гузоришҳо омада, ки ба барандагони тилло дар ҳама вазнҳо 1000 имтиёз, гирандагони нуқра 700 имтиёз ва биринҷиҳо 500 имтиёз ба даст овардаанд.
Ҳамчунин 5000 евро ба барандагони тилло, 3000 евро ба барандагони нуқра ва 1500 евро ба барандагони биринҷӣ ҳамчун ҷоиза дода шудааст.