Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад. Ҳаҷми истеҳсолот ва содироти кишвар дар муқоиса бо Қазоқистон ва Узбекистон ба маротиб камтар буда, иқтисоди он аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ вобастагии зиёд дорад. 

Бино ба гузориши “The Times of Central Asia”, ки аз маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ЮНКТАД ва дигар манбаъҳо истифода шудааст, ҳаҷми умумии иқтисоди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан 543 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Калонтарин иқтисод дар минтақа Қазоқистон аст, ки ба он 306 миллиард доллар ё 56,4 дарсади ҳаҷми умумӣ рост меояд. Узбекистон бо 147 миллиард доллар дар ҷойи дуюм қарор дошта, ҳаҷми иқтисоди Туркманистон 50 миллиард ва Қирғизистон 23 миллиард доллар нишон дода шудааст.

Ҳаҷми иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 18 миллиард доллар ё 3,3 дарсад аз иқтисоди умумии панҷ кишварро ташкил медиҳад. 

Дар ҳамин ҳол, шумораи аҳолии Тоҷикистон тақрибан 11 миллион нафар аст, ки 13 дарсади аҳолии панҷ кишварро ташкил медиҳад. Аҳолии Узбекистон 37 миллион, Қазоқистон 21 миллион, Туркманистон 8 миллион ва Қирғизистон 7 миллион нафар гуфта шудааст.

Фарқ дар соҳаи содирот боз ҳам бештар ба назар мерасад. Ҳаҷми умумии содироти панҷ кишвар тақрибан 139 миллиард доллар буда, аз ин миқдор ба Қазоқистон 92 миллиард доллар, ба Узбекистон 32 миллиард, ба Туркманистон 7 миллиард ва ба Қирғизистон 6 миллиард доллар рост меояд.

Содироти Тоҷикистон бошад, тақрибан 1,6 миллиард доллар ё танҳо 1 дарсади содироти умумии панҷ кишвар арзёбӣ мешавад, вале маълумоти Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ин қисмат ба соли 2024 рост меояд.

Ин нишон медиҳад, ки бо вуҷуди он ки Тоҷикистон 13 дарсади аҳолии панҷ кишварро дорад, саҳми он дар ҳаҷми умумии иқтисод ва махсусан дар содироти минтақа хеле камтар аст.

Дар ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷии ҷамъшуда низ фарқ миёни кишварҳо назаррас буда, аз 235,56 миллиард доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ дар панҷ кишвар, ба Қазоқистон 156,42 миллиард доллар, ба Туркманистон 42,37 миллиард, ба Узбекистон 26,04 миллиард ва ба Қирғизистон 6,55 миллиард доллар рост меояд.

Ҳаҷми сармоягузории ҷамъшудаи хориҷӣ дар Тоҷикистон тақрибан 4,19 миллиард доллар, ё 1,78 дарсад аз ҳаҷми умумии панҷ кишварро ташкил медиҳад.

Яке аз фарқиятҳои асосии Тоҷикистон аз дигар кишварҳои минтақа вобастагии иқтисод аз маблағҳои шаҳрвандони дар хориҷ коркунанда мебошад.

Тибқи охирин маълумоти дастрас аз Бонки Ҷаҳонӣ, маблағҳои интиқолии шаҳрвандон ба Тоҷикистон ба 57,7 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.

Дар Қирғизистон ин нишондиҳанда 17,6 дарсад, дар Узбекистон 14,3 дарсад, дар Қазоқистон ва Туркманистон бошад, он мутаносибан 0,1 ва 0,2 дарсадро ташкил медиҳад. 

Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2023 ҳаҷми кумаки хориҷӣ ба Тоҷикистон ба 3,5 дарсади даромади миллии умумӣ баробар буда, дар Қирғизистон ин нишондиҳанда 2,9 дарсад, дар Узбекистон 1,1 дарсад, дар Туркманистон 0,1 дарсад ва дар Қазоқистон 0,03 дарсадро ташкил медод.

Бо вуҷуди нишондиҳандаҳои нисбатан паст дар ҳаҷми иқтисод, содирот ва сармоягузорӣ, на ҳамаи нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамсояҳо пасттар мебошанд.

Масалан, тибқи маълумоти ХБА, қарзи давлатии Тоҷикистон дар соли 2025 21,6 дарсади ММД-ро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 36 дарсад, дар Узбекистон 28,6 дарсад ва дар Қазоқистон 24,6 дарсад мебошад.

Камтарин қарзи давлатӣ дар миёни ин панҷ кишвар ба Туркманистон рост омадааст, ки 3,8 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад.

Дар ин гузориш ҳамчунин бар асоси пешбинии ХБА, дар соли 2026 Тоҷикистон метавонад 6,3 дарсади ММД нишондиҳандаи мусбат дар тавозуни амалиётҳои беруна дошта бошад.

Барои Туркманистон ин нишондиҳанда 3,7 дарсад пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, барои Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон нишондиҳандаҳо манфӣ мебошанд — мутаносибан -1, -1,3 ва -7,1 дарсад.

Тибқи маълумоти дар ҷадвали The Times of Central Asia овардашуда, захираҳои асъории Тоҷикистон тақрибан 27 дарсади ММД-ро ташкил медиҳанд. Барои Узбекистон ин нишондиҳанда 8 дарсад, Қирғизистон 10,8 дарсад, Қазоқистон 7,5 дарсад ва ма Туркманистон маълумоти мувофиқ оид ба захираҳои асъорӣ дастрас нест. 

Ҳамзамон дар ҳамин муқоиса қарзи давлатӣ барои Тоҷикистон тақрибан 29,5 дарсади ММД нишон дода шудааст. Барои Қазоқистон ин нишондиҳанда 24,8 дарсад, Узбекистон 32,6 дарсад, Туркманистон 4,6 дарсад ва Қирғизистон 36,6 дарсад мебошад. Манбаъ таъкид мекунад, ки ин маълумот асосан ба солҳои 2023–2024 тааллуқ доранд ва аз нишондиҳандаи қарзи давлатӣ барои соли 2025, ки дар ҷадвали дигари ХБА оварда шудааст, фарқ мекунанд. 

Дар мавриди дороиҳои фондҳои давлатии сармоягузорӣ, барои Қазоқистон тақрибан 21,5 дарсади ММД нишон дода шудааст. Манбаъ ин маблағҳоро ҳамчун дороиҳои пардохтпазире тавсиф мекунад, ки берун аз кишвар сармоягузорӣ шудаанд ва барои дастгирии иқтисод истифода шуда метавонанд. 

Нишондиҳандаи дигар таносуби захираҳои кишвар ба қарзи давлатии беруна буда, барои Тоҷикистон ин таносуб 1,44 баробар нишон дода шудааст. Яъне, ба ҳар 1 доллар қарзи давлатии хориҷӣ тақрибан 1,44 доллар захира рост меояд.

Барои Қазоқистон ин нишондиҳанда 3,8 баробар, Узбекистон 1,69 баробар ва Қирғизистон 1,21 баробар мебошад. Барои Туркманистон маълумоти мувофиқ вуҷуд надорад.

Яъне, Тоҷикистон тақрибан 3 миллиард доллар қарзи хориҷӣ ва 4,3 миллиард доллар захира дорад. Барои Қазоқистон ин рақамҳо 34 ва 129,3 миллиард доллар, барои Узбекистон 39,2 ва 66,3 миллиард доллар, барои Қирғизистон 4,2 ва 5,1 миллиард доллар мебошанд. 

Дар баробари ин, аз рӯи рейтинги қарзии давлатӣ, Тоҷикистон дар байни панҷ кишвар нишондиҳандаи пасттарини B-ро дорад. Рейтинги Қирғизистон B+, Туркманистон BB-, Узбекистон BB ва Қазоқистон BBB мебошад. Дар таҳлил гуфта мешавад, ки BBB- ҳадди сатҳи сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Рейтинги Туркманистон аз ҷониби Fitch ва рейтинги кишварҳои дигар аз ҷониби S&P муайян шудааст.

Дар маҷмуъ, ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар минтақа иқтисоди нисбатан хурд дорад ва дар истеҳсолу содирот аз иқтисодҳои бузурги Осиёи Марказӣ қафо мондааст. Ҳамзамон иқтисоди кишвар ба манбаъҳои беруна — пеш аз ҳама ба маблағҳои муҳоҷирон ва то андозае ба кумаки хориҷӣ вобастагии зиёд дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тарс аз таҳримҳо: Бонки “Ҳумо” суратҳисоби русҳоро мебандад

Бонки "Ҳумо"-и Тоҷикистон ба мизоҷони хориҷии худ, бахусус шаҳрвандони Русия паём фиристода, онҳоро аз маҳдуд ё баста шудани кортҳои бонкиашон аз 1-уми октябр огоҳ кардааст.

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.

Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард

Тоҷикистон дар таърихи худ бори аввал номзадияшро ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Бехатарии СММ барои солҳои 2028–2029 пешниҳод кард.