26.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳ (январ-март)-и соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ содир кардааст.

Тавре Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, аз содирот ва фурӯши барқ дар моҳи январ зиёда аз 2,4 миллион доллар, моҳи феврал, 2,8 миллион доллар ва моҳи март наздики 2 миллион доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Тоҷикистон дар соли 2024 танҳо бо ду кишвар – Афғонистон ва Узбекистон дар бораи содироти барқ қарордод ба имзо расонидааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомҳои дахлдори кишвар борҳо гуфтаанд, ки барқ ба Узбекистон дар фасли тобистон дода мешавад ва инчунин интиқоли барқ имсол барои Афғонистон 10 баробар, яъне аз 400 Мвт ба 40 Мбт кам карда шудааст. Вале бо вуҷуди ин, соли ҷорӣ дар кишвар камбудӣ барқ ҷиддӣ эҳсос мешуд.

Мақомоти Тоҷикистон имсол “лимит”-ро аз моҳи сентябр ва дар беъзе деҳаҳои дурдаст пеш аз он шуруъ карда буданд, вале онро расман эътироф намекарданд. Аммо бо фарорасии фасли зимистон ва шиддати сармо ин “лимит” шадидтар шуд.

Ҳарчанд мақомоти барқрасонии кишвар дастури қатъӣ гирифта буданд, ки сокинонро на камтар аз 10 соат бо барқ таъмин кунанд, вале бо фарорасии фасли сармо шуруъ аз пойтахти кишвар то ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 3-4 соат ва ҳатто дар навоҳии дурдаст ҳатто 1 соат бегоҳ ва 1 соат субҳ барқ медоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...