Бар асоси иттилои масъулони Росселхознадзори Русия, аз 30-юми март то 3-юми апрели соли ҷорӣ маъмурони гумруки вилояти Ростови Русия 19 тонна гӯшти мурғро барои содирот ба Тоҷикистон аз санҷиш гузаронида, расман иҷозати интиқол додаанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии идораи минтақавии Росселхознадзор, тамоми маҳсулот аз лиҳози байторӣ ва санитарӣ пурра бехатар арзёбӣ гардида, ба талаботи кишвари воридкунанда — Тоҷикистон, мутобиқат мекунад. Сифат ва амнияти он бо натиҷаҳои таҳқиқоти озмоишгоҳӣ тасдиқ шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар раванди санҷиш қонунӣ будани пайдоиши маҳсулоти содиротӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ягон қонуншиканӣ ошкор нашудааст.
Коршиносон мегӯянд, ки ин ҳаҷми содирот нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар бахши маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус гӯшти мурғ, рушд кардааст. Қаблан низ аз вилояти Ростов ба Тоҷикистон даҳҳо тонна гӯшти мурғ содир гардида буд, ки ин аз афзоиши талабот ба чунин маҳсулот дар бозори Тоҷикистон дарак медиҳад.
Аммо на мақомоти Русия ва на мақомоти Тоҷикистон дар бораи тарзи омода шудани ин гӯштҳо аз нигоҳи қоидаҳои исломӣ чизе нагуфтаанд. Ба назари коршиносни соҳа, аз баски дар Тоҷикистон беш аз 90% мардум мусалмонанд ва тибқи қоидаҳои исломӣ забҳи мурғҳо равиши дурусти омода кардани гӯшти он барои истеъмол мебошад, бояд мақомоти ду кишвар ин нуктаи муҳимро низ ба назар бигиранд.
