Эмомалӣ Раҳмон пас аз ду соли ҳукумати Толибон дар чанд ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон, дидбонгоҳҳои марзиро бештар кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 15-уми августи соли ҷорӣ барои Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлон дидбонгоҳҳои муосирро ифтитоҳ кард.
Гуфта мешавад, ин дидбонгоҳҳои муосир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар муҳлати хеле кӯтоҳ” ва “бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз” бунёд шудаанд.
Дафтари матбуоти Президенти мегӯяд, кори бунёди ин дидбонгоҳҳои марзӣ аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз шуда, бино ба авзои кунунӣ, дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расидааст.
4-уми августи соли ҷорӣ Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон зимни нишатси матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳо аз ҷониби ин кишвар Тоҷикистон дидбонгоҳҳои марзии худро дар сарҳад бо Афғонистон афзоиш дода, шумораашонро ба беш аз сад адад расондааст.
Дар муддати ду соле, ки Толибон дар Афғонистон ҳукумат мекунанд, миёни Душанбе ва Кобул масоили ҳалношудаи зиёде боқӣ мондааст ва ҳатто танишҳои лафзие ҳам вуҷуд дошт. Дар ин муддат таҳдидҳои ҳамла ба Тоҷикистон ва ҷобаҷо шавии гурӯҳҳои террористӣ дар ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон борҳо расонаӣ шуд, ки ин нигаронии мақомоти тоҷикро бештар кард.
Бино ба гузориши тозаи Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, дар Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият доранд, ки ин ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ва Узбекистон таҳдиди бузурге ба шумор меравад. Шӯрои амнияти СММ дар гузориши худ аз вуҷуди паноҳгоҳҳо барои террористон дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Аммо ҳукумати Толибон иддаои СММ мабнӣ бар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро рад мекунад ва борҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсоя итминон дода, ки аз хоки он ба ҳеч кишваре ҳамла ва ё амалҳои террористӣ сурат намегирад.