Тоҷикистон ва қарзҳои Чину масъулиятҳои Рустами Эмомалӣ

Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин пас аз поёни нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки рӯзҳои 3-4 июл дар Остона баргузор шуд, ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Қарор аст, раҳбарони ду кишвар масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, дар маросими ифтитоҳи маҷмааи биноҳои порлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе, ки бо сармоягузории 220 миллон доллари Чин сохта шудаанд, ширкат кунанд.

Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин дар ин сафари худ бо ҳамтои тоҷикаш дар баробари баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ инчунин ҳамкориҳои низомию фаннӣ, бахусус бо дарназардошти вазъи ноустувор дар Афғонистон вазъи амниятии минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

Аз соли 2016 ҳамкориҳои низомии Чину Тоҷикистон густариш ёфтааст. Чин бо имзои як созишнома ҳуқуқ пайдо карда, ки ҳудуди 30 то 40 постгоҳи амниятӣ ва дидбонгоҳҳои марзиро дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таъмиру бозсозӣ кунад.

Тибқи ин қарордод, Чин аввалин иншооти низомиро дар минтақаи Мурғоб дар чорроҳаи марзҳои Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон бунёд кард. Сарбозони тоҷик дар онҷо хидмат мекунанд ва гуфта мешавад, вазифаи онҳо назорати “ҳаракатҳои ҷангиёни исломӣ”, ки аз ҷониби Афғонистон таҳдид мекунад, мебошад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, бар иловаи миллонҳо доллар сармоягузориҳои Чин дар соҳаи низомӣ ва амниятӣ, инчунин ин кишвар дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дар соҳаи канданиҳои фоиданоки кӯҳӣ, аз ҷумла тилло ва дигар сангҳои қимматбаҳо сармоягузорӣ дорад.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби ҳамоиши тиҷорӣ ва сармоягузории намояндагони Чину Тоҷикистон, ки моҳи июн баргузор шуд, кишварҳо дар мавриди бунёди як маркази логистикӣ ва корхонаи металлургии “Талко Голд” ба мувофиқа расиданд, ки маблағи умумии тарҳҳои он 6 миллиард сомонӣ (ҳудуди 600 миллион доллар)-ро ташкил дод.

Бино ба иттилои расонаҳо, то кунун байни Тоҷикистону Чин созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан ва нақлиёт ба маблағи беш аз 560 миллион доллар ба имзо расидааст. Бар иловаи ин, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 500 ширкат бо сармояи Чин фаъолият мекунанд ва ҳаҷми сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар зарфи 10 соли охир бештар аз 3.8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки сафари Си Ҷинпин дар худ ҳадафҳои зиёде хоҳад дошт, ки яке аз онҳо ризоият додан ба интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ мебошад. Гуфта мешавад, ба қудрат расидани Рустам масъулияти ӯро дар баробари Чин сангин хоҳад кард. Зеро қарзҳои Тоҷикистон аз Чин тақрибан 60 дарсади қарзҳои хориҷии кишварро дар бар мегирад ва Рустам бояд биандешад, ки бо кадом роҳ метавонад ин қарзро баргардонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.