Дар нишасте миёни намояндагони Тоҷикистону Русия пешниҳод шуд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар ба Русия аввал аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
16-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Сочи, дар доираи Ҳафтаи байналмилалии ҳифзи меҳнат, ҷаласаи нуҳуми Гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Дар ин нишаст намояндагони ду кишвар масъалаҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба корҳои муваққатӣ дар Русияро баррасӣ намуданд.
Ҷаласаро муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират Шариф Норзода ва муовини роҳбари Хадамоти федералӣ оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Русия Денис Васильев роҳбарӣ карданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муоинаи тиббии муҳоҷирон пеш аз сафар, санҷиши забону қонунгузории Русия дар Тоҷикистон ва таъсиси пойгоҳи таълимӣ барои омода намудани муҳоҷиронро муҳокима карданд. Ҳамзамон, фаъолияти намояндагии «ПВС ВКД Русия» дар Душанбе ва муаррифии абзорҳои нави рақамии Русия низ дар маркази таваҷҷуҳ буд.
Гуфта мешавад, ҷонибии Тоҷикистон аз мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирон дар Русия изҳори нигаронӣ карда ва ба зарурати ҳамкории бештар таъкид намудааст.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи коршиносон, чунин нишастҳо бештар ҷанбаи намоишӣ дошта, таъсири амалии назаррас надоранд. Онҳо мегӯянд, ки сол то сол вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия душвортар мешавад.