9.9 C
Dushanbe

Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ карданд

Рӯзи 16-уми октябри соли ҷорӣ мулоқоти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар шаҳри Бустони вилояти Суғд баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амният Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амният Қамчибек Тошиев раҳбарӣ карданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳайтҳои ду ҷониб ҳангоми мулоқот дар бораи раванди “иҷрои мувофиқаи ҷонибҳо вобаста ба тавсифи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонада изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамчунин Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд мегӯяд, барои тезондани кор ва ҳалли мушкилоти боқимондаи марзӣ ба гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар “дастурҳо” дода шуд.

Низ таъкид мешавад, ки раҳбарони ҳайатҳои корӣ иҷрои ҳатмии “Протоколи №44 аз 2 октябри соли 2023-ро вобаста ба таҳкими раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон” зарур дониста, “омодагиро барои иҷрои бечунучарои муқарроти он иброз карданд.

Аммо Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар бораи тафсилоти ин нишаст ва тавофуқоти ҳосилшудаи он чизе нагуфтааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол боре ҳам аз раванди ин нишастҳо ба расонаҳо ва мардуми кишвар гузориш надодаанд.

Қабл аз ин мулоқот, 2-юми октябри соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайатҳои байниҳукуматии ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуда буд.

Дар фарҷоми он мулоқот гуфта шуд, ки ҷонибҳо дар бораи “зарурати фаъол намудани тасвири гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар қитъаҳои боқимонда“ ба тавофуқ расиданд.

Пас аз ин мулоқот, Радиои Озодӣ аз қавли Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки дар нишасти 2-уми октябр ҷониби “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”. Аммо Тоҷикистон то ҳол ба ин иддао вокуниш накардааст.

Ин дар ҳолест, ки 15-уми сентябри соли ҷорӣ, замоне ки президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Душанбе бо Раҳмон мулоқот дошт, Тошиев дар изҳороте гуфт, ки агар Тоҷикистон аз даъвоҳои худ дар бораи марз даст накашад, мо ҳам санадҳоеро аз бойгонӣ пайдо кардаем, ки онро пешниҳод хоҳем кард ва агар лозим шавад барои ин кор нерӯ ҳам дорем.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мухолифон Имомуғлуро рақиқби Эрдуғон эълон карданд

Ҳизби халқии ҷумҳурӣ дар Туркия Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбулро, ки аз вазифа барканор ва ба зиндон мунтақил шудааст, расман барои интихоботи президентии соли 2028 номзад пешбарӣ кард.

Боздошти муҳоҷирони тоҷик пас аз сафари Раҳмон ба Русия

Мақомоти Русия беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар боздошт кардаанд.

Музокироти навбатии Амрико ва Русия

Давраи дуюми музокироти Русияву Амрико 24-уми март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ пушти дарҳои баста оғоз шуд.

Авфи садҳо зиндонӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон фармони авфи 897 зиндониро содир кард.