7.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз Бонки авроосиёии рушд 50 млн доллар қарз гирифтааст

Дафтари матбуоти Бонки авроосиёии рушд хабар медищад, ки (БАОР) ба Тоҷикистон ба маблағи 50 млн доллар қарз додааст. Гуфта мешавад, ин маблағ аз Фонди авруосиёии субот ва рушд, ки онро (БАОР) дар ихтиёр дорад, ҷудо шудааст.

Ба навиштаи “Азия Плюс” ин қарз ба муддати то 20 сол бо давраи имтиёзнок ва меъёри сабтшудаи 1%-и солона пешниҳод гардидааст. Дар соли аввал меъёр бештар имтиёзнок буда, 0,25%-и солонаро ташкил медиҳад.

Дар бораи ба кадом соҳаҳо сарф шудани ин қарз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муфассал чизе гуфта нашудааст, аммо дар маълумот гуфта шудааст, ки ин маблағ барои дастгирии буҷети ҷумҳурӣ барои бартарафсозии оқибатҳои манфии пандемия равона мегардад.

Ҳамчунин  дар маълумоти (БАОР) омадааст:

“Барномаи ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо таъсири COVID-19 ба иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва молия, ки дар дархосташон барои гирифтани қарз дарҷ ёфтаанд, ба ҷуз тадбирҳо дар самти дастгирии соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ, роҳандозии сиёсати эҳтиёткоронаи макроиқтисодиро бо шумули коҳиши хароҷоти ғайриафзалиятноки буҷет ба нафъи хароҷот ба маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2021, баргузории сиёсати мутавозини пуливу қарзӣ, ки ба ҳавасмандсозии афзоиши иқтисод дар шароити маҳдудияти болоравии нархҳо дар сатҳи на зиёдтар аз нишондиҳандаи мақсаднок ва таъмини устуворӣ дар бахши молия нигаронида шудааст, дар бар мегирад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

СПАД ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ медиҳад

Рӯзҳои наздик Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон таҷҳизоти нави низомӣ медиҳад.

Боздошти ду нафар бо иттиҳоми фиреби мардум дар либоси пулис

ВКД дар шаҳри Душанбе ду нафарро, ки бо пӯшидани либоси пулис худро ҳамчун кормандони мақомоти бозрасӣ муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандон маблағҳои зиёд мегирифтаанд, боздошт кард.

Ҳамлаҳои хакерӣ ба корбарони Apple ва Google дар Тоҷикистон

Ширкатҳои "Apple" ва "Google" ба корбаронашон дар чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, огоҳинома дар бораи хатари ҳамлаҳои ҳадафмандонаи киберӣ фиристодаанд.

Боздошти чанде аз фарзандони шахсони шинохта аз марказҳои дилхӯшӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чанде аз фарзандони чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон аз марказҳои дилхушии пойтахт боздошт шуданд.