30.9 C
Dushanbe

Имсол фоидаи Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ ба $26,7 миллион расид

Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ аз содироти нерӯи барқ ба дигар кишварҳо ​​беш аз 26,7 миллион доллар даромад ба даст овардааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ ​​дар моҳҳои январ-майи соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 % зиёд маблағ ба даст овардааст.

Дар моҳҳои январ-майи соли гузашта ба хориҷа ба маблағи беш аз 24,2 миллион доллар нерӯи барқ содирот шуда буд.

Тоҷикистон бештар нерӯи барқро ба Афғонистон ва Узбекистон содир мекунад.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, аз аввали сол дар Тоҷикистон зиёда аз 8,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 3,5 дарсад зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, зиёда аз 7,6 миллиард кВт/соати онро нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар ва боқимонда 805 миллион кВт/соати нерӯи барқро маркази барқу гармидиҳӣ истеҳсол кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.