13.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши векселҳо қарзи дохилаашро афзоиш доданист

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад, ки қарзи дохилиашро ба маблағи 88,4 миллион доллар афзоиш диҳад. Қарор аст ин маблағ дар дохили кишвар тавассути фурӯши векселҳо ба даст оварда шавад.

Тибқи иттилои сомонаи “Азия Плюс” Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дод, ки коғазҳои қимматноки давлатиро дар шакли векселҳо ба маблағи 1-миллиард сомонӣ (88,4 миллион доллар) барорад.

Дар қарори Ҳукумат, ки 3 апрели соли ҷорӣ қабул гардида гуфта мешавад, ки барориши ин коғазҳои қимматнок ба хотири танзими қарзи давлатии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Векселҳо даҳсола бо меъёри 2 дарсад барои муомилот ба бозори дохилии коғазҳои қимматнок, яъне фурӯш дар дохили кишвар пешбинӣ шудаанд.

Талаботи бандҳои қарори мазкур супориш дода мешавад, ки якҷоя бо Бонки Миллии Тоҷикистон иҷро карда шаванд. Ҳуҷҷат супориш медиҳад, ки ҷалби қарзи давлатӣ дар ҳачми муайян бо порлумони Ҷумҳурӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Бар асоси маълумоти Вазорати молия ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 да 3,7 миллиард доллар расида аст, ки ин ба 48,8 ММД-и соли гузаштаи ҷумҳури баробар аст.

Муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ба кишварҳои дорои сатҳи рушди Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми ба истилоҳ “хати сурх” ба 50 дарсад ММД расидан аз ҷалби минбаъдии қарзи давлатӣ даст кашанд.

Дар сохтори қарзи давлатии Тоҷикистон 3,2 миллиард доллар (85 дарсад ) ба қарзи хориҷӣ ва 500 миллион доллар ба қарзи дохилӣ рост меояд.

Ҳаҷми қарзи беруна дар соли 2020,  300 миллион доллар афзуда ҳаҷми қарзи дохилӣ баръакс беш аз 200 миллион доллар коҳиш ёфта аст.

Кредитори асосии қарзи хориҷии Тоҷикистон Чин (1,2 миллиард доллар ) мебошад.

Қарзи дохилӣ тавассути ҷойгиркунии вомбаргҳо ва векселҳои Вазорати молия ҷиҳати қонеъ гардонидани ниёзҳои гуногуни давлатӣ ташаккул ёфта аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.