18.9 C
Dushanbe

Парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон барқарор мешаванд

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостааст, ки парвозҳои ҳавоии байни ин ду кишвар барқарор карда шавад. Дар ин бора рӯзи шанбе 25 июл сомонаи “mk.ru“-и русзабон хабар дод.

Ин вебгоҳ бо истинод ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар ҷониби Русияро дар бораи қарораш оиди барқарор кардани парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбеву Маскав расман хабар додааст ва айни ҳол мунтазири посухи ҷониби Маскав аст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд карда, ки дар ҳолати барқарор шудани парвозҳо ҷараёни сафар бо риояи қатъии талаботи зидди эпидемия сурат мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.