Тоҷикистон аз Русия ваксинаи каронавирус мехарад?

Муаллиф: SCANPIX/ZUMAPRESS.com

Маркази матуботии Вазорати тандурустӣ гуфтаааст, ки то ҳол Тоҷикистон барои харидории ваксинаи каронавирус аз Русия тасмим нагирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки 13-сентябр Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки як рӯз баъд барои дарёфти ин воксин ба ҷониби Русия дархост медиҳанд.

Ба гуфтаи маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ, ваксинае, ки дар Русия омода шудааст, аз ҳамаи марҳилаҳои омӯзишии клиникӣ нагузаштааст, дар баробари ин Созмони тандурустии ҷаҳонӣ барои истифода тавсия надодааст.

Тоҷикистон замоне аз Русия барои ваксинаи каронавирус вориди гуфтугӯ мешавад, ки ҳамаи марҳилаҳои омӯзиширо гузарад, навиштааст, маркази матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.  

Ин дар ҳолест, ки дар таърихи 13 август соли равон Хадамоти санитарию эпидемологӣ гуфта буд, тасмим доранд барои дарёфти ин воксин аз Русия дархост кунанд.

Дар баробари ин Вазорати тандурустӣ чанде қабл хабар дода буд, ки ба нафароне, ки беморони диабети қанд, диққи нафас, табибон ва марзбонон, ки дар посгоҳҳо навбатдорӣ мекунанд, бо воксини Русия зидди каронавирус воксингузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки расонаҳои русӣ 11 август хабар дода буданд, ки кишвари Русия дар ҷаҳон аввалин шуда ба ваксинаи зидди вируси COVID-19 даст ёфт. Аммо баъзе кишварҳо ва созмонҳои тандурустӣ ба фаъол будани он шубҳа карда буданд. Пас аз интишори хабари мазкур аксари давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон барои харидории аз ин воксин бо мақомоти Русия гуфтугӯ карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши "Эрон Интернешнл" аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD), иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: оё мушкилоти муҳоҷирон ҳал мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.

Манъи ҳиҷоб дар мактабҳо Озабойҷон баҳсҳои навро ба миён овард

Дар Озарбойҷон пас аз ҷорӣ шудани қоидаҳои нави либоси мактабӣ, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ баҳсбарангез шудааст.