23.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон боз 562 млн доллар қарз гирифтанист?

Тоҷикистон ният дорад, дар соли 2021 аз кишвару созмонҳои хориҷӣ, боз 562 млн доллари дигар қарз бигирад. Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар назди вакилони Маҷлиси Намояндагон дар ин бора изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, бештари ин қарзҳо барои бозсозӣ ва рушди соҳаи энергетика, аз ҷумла барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” сарф карда мешаванд. Бар замми ин қарзҳо, Тоҷикистон ният дорад 289 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ба даст оварад. Ҳоло қарзи хориҷаи кишвар бештар аз 43 дарсади ММД-ро ташкил мекунад, ки ҳадди аксари қарзи Тоҷикистон набояд бештар аз 40 дарсади ММД бошад.

Дар матни ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, ки дар сомонаи “Садои Мардум” оварда шудааст, дида мешавад, ки бештари қарзҳо барои соҳаи энергетика равона шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинон аз ҳамрӯза қатъи нерӯи барқ дар соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ шикоят мекунанд ва дигарбора аз ҷорӣ шудани маҳдудият ё (лимит)-и барқ нигаронанд.

Қатъи интиқоли нерӯи барқ аз 31-уми октябр рӯзе баъд аз савгандёдкунии панҷумбораи Раҳмон ҳамчун раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуд. Бо вуҷуди ин, масъулони “Барқи тоҷик” сабаби қатъ шудани нерӯи барқро муваққатӣ дониста, онро ба таъмири дастгоҳҳо рабт доданд.

Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои соҳаи энержеии кишвар дар омори худ гуфта буданд, ки имсол 10 млрд. 243,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 112,6 млн. кВт/соат, ё 1,2%. зиёд аст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2017 эълон карда буд, ки лимит аз байн бардошта шудааст ва барқ аз сокинон дигар қатъ намешавад, вале ҳамасола то ин замон сокинон аз қатъшави қувваи барқ дар минатқаҳои мухталифи кишвар шикоят кардаанд.

Ин дафъа низ Рамҳон зимни савагандёдкунияш ваъда дод, ки дар ҳафт соли оянда Тоҷикистон бояд ба истиқлоли комили энержӣ мерасад. Эмомалӣ Раҳмон то ин замон ҳадди ақал 4 маротиба чунин ваъдаҳо дода, ки лимити барқ аз байн меравад, аммо то ин замон барои иҷрои ин ваъдаи худ мавуффақ нашудааст. Пас аз ба кор дармадани чархаи дуввуми Роғун, бозҳам сокинон аз қатъ шудани барқ шикоят доранд.  

Роғун серхарҷтарин лоиҳа дар замони истиқлол, ки то кунун танҳо ду чархаи он ба таври муваққат насб шудаанд, дар ҳоле, ки бояд то соли 2021 ҳамаи 6 чархаҳои ин нерӯгоҳ муаққатан насб мешуданд ва барқ истеҳсол мешуд. Ҳоло анҷоми ин лоиҳаро масъулон дар соли 2026 гуфтаанд. Барои сохтмони ин нерӯгоҳ ҳамасола миллионҳо сомонӣ сарф мешавад. Ин маблағҳо ҳам аз ҷониби аҳолӣ тариқи харидани саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва ҳам аз ҳисоби фурӯши Евробондҳо ба маблағи 500 миллион доллар ба ташкилотҳои хориҷӣ, ҷалб карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ барои сохтмони Роғун аз фурӯши саҳмия тақрибан 6 миллиард сомонӣ ё бо қурби моҳи декабри соли 2009 баробари 1 миллиарду 37 миллион доллар аз мардум ҷамъоварӣ шудааст. Ояндаи ин нерӯгоҳ, ки ҳоло моликияти давлатӣ аст, рӯшан нест, чун нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз феҳристи объектҳое, ки хусусӣ гардонда намешаванд, соле пеш хориҷ карда шуд. Қарзи Роғун ҳам бо вуҷуди ин ҳама маблағҳое, ки ба буҷети он ворез машеванд, бештар аз сад миллионро ташкил медиҳад.

Ин ҳолат ба қавли коршиносон роҳро барои хусусӣ гардонидани Роғун аз тарафи кадоме аз пайвандони раисҷумуҳр ҳамвор кардааст. Ҳукумати ҶТ дар ҳоле қарз гирифтанист, ки қарзи берунии кишвар то 1-уми октябр ба 3 миллиарду 700 миллион доллар расидааст, ки он ба 43,3 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар мебошад. Ва он набояд аз 40 дарсади ММД бештар мешуд.

Бо афзоиши қарзи хориҷӣ ҳамчунон хароҷоти буҷаи кишвар ҳам барои бозгардондани баҳра (фоиз) ва худи маблағи қарз сол аз сол меафзояд. Аз ҷумла соли 2021 Тоҷикистон аз буҷааш барои баргардондани қарзу фоизҳои хориҷиаш 213,5 миллион доллар, соли 2022-юм 238,2 миллион ва соли 2023-юм 243,3 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.

Нигаронии фаъолону коршиносон аз қарзҳои ҳангуфти Тоҷикистон аз Чин аст. Бо вуҷуди он ки дар расонаҳои расмӣ қарзи Тоҷокоситонро дар назди Чин ҳудуди 1 млрду 200 милион мегӯянд, аммо охири моҳи октябри соли гӯзашта вакили парлумони Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев зимни мулоқот бо намояндагони расмии шаҳри Сямини Чин ҳаҷми қарзи Тоҷикистонро дар назди ҳамсояи шарқиаш эълон кард.

Ба гуфти Фелалиев ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшуда аз Чин барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба ҳудуди 1 миллиарду 525 миллион доллар баробар аст. Муовини раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошта буд, ки сармоягузории ҳукумати Чин ба иқтисоди Тоҷикистон тавассути бонки содироту воридоти ин кишвар – Эксимбонк сурат мегирад.

Аммо ин ҳама қарзҳо ба хотири чӣ?

Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта аз додани ду кони тилло барои коркард  ба чиниҳо хабар дода буд. Майдони умумии конҳо 15,4 км мураббаъ гуфта мешавад, ки захираҳои собитшудаи тилло дар конҳо – 51,7 тонна ва захираҳои мавриди таҳқиқ – 117,16 тоннаро ташкил медиҳад. Мувофқи як созишнома дар соли 2012 Ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро сохт.

Аз ин ҳисоб танҳо 17 миллион доллараш саҳми Тоҷикистон буд. Маблағи боқимонда қарзи “Эксимбонк”-и Чин буда ширкати ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон умед доранд ширкати ТВЕА хароҷоти худро аз конҳои “Дуобаи Шарқӣ” ва “Кумарғи Боло” ки акнун ба ин ширкати чинӣ дода шуд, ба даст меорад ва тиллои боқимонда ба нафъи кишвар истихроҷ мешавад.

Аммо Чжан Син, роҳбари ТВЕА ба торнамои (ситисин дотком) stcn.com дар Чин гуфтааст, “агар ширкат аз ин ду кони тило хароҷоташро бароварда насозад, ҳукумати Тоҷикистон розӣ аст ба ширкат иҷозати конҳои дигарро ҳам барои коркард бидиҳад”. Он замон Радиои Озодӣ навишта буд, ки ҳаҷми тилло дар ин конҳо зиёдтар аз ончи будааст, ки пештар 51 тонна гуфта шуда буд.

Ҳаҷми тилло дар ин конҳо 64 тонна буда, мумкин аст аз ин ҳам зиёд бошад. “Кумарғи Боло” ва “Дуобаи Шарқӣ”  конҳое, ки имруз ба ихтиёри ширкати чинӣ дода шуд, танҳо конҳое нестанд, ки ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон дар ихтиёр доранд. Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” ва “Покруд” дар Ромит низ дар истифодаи сармоягузорони чинӣ ҳастанд.

Ахиран як иҷозаи истихроҷи нуқра аз кони “Якҷилва”-ро дар Бадахшон ширкати чинӣ ба даст овард ва 7 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод шуд. Ҳамчунин Чин қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон бо ин роҳ 5,5 дарсади заминҳои минтақаи Поимри Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Дар ин бора расонаҳои Чин аз қавли рӯзнмоанигор Чу Йао Лу, журналисти таърихнигори чинӣ иттилоъ дода буд, ки кумакҳои Чин боис шуд, ҷониби Тоҷикистон қасди баргардонидани “заминҳои аз дастрафта”-ро кард. Ва билохира соли 2010 ин гуфтугӯ байни ду кишвар ниҳоӣ шуд ва Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Раҳмон 1158 километри мураббаъ заминҳои Помирро ба Чин дод.

Ҳоло ин кишвари қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ба иттилоъи шабакаи телвизионии “WIONEWS“-и Ҳиндустон  даъвои 45 дарсади заминҳои Тоҷикстонро дорад. Ва ахиран дар слои 2019 Вашингтон Пост аз ошкор шудани як қисми низомии чинӣ дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Чин ҳабар дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.