35.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон боздошти Абдуфаттоевро сиёсӣ номид

Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл бо пахши як хабар дастгир шудани шаҳрванд Фурқат Абдуфаттоевро, ки 2 феврали соли ҷорӣ дар Бошқирдистони Русия аз ҷониби пулиси ин кишвар бо дархости мақомоти Қирғизистон дастгир шуда буд, дорои ангезаи сиёсӣ номид.

Фурқат Абдуфаттоев, сокини шаҳри Исфара бо иттиҳоми ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар нуқтаи аломатгузоришудаи марз байни шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон боздошт шуда буд.

“Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, 11 ва 13 феврали соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дархости асоснок ирсол намуда, аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоев Ф.А.- ро хоҳиш намуд”, омадааст дар хабари ин ниҳод.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии кишвар, дар таърихи 6-уми июл Прокурори ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистон қарори ҳабс ва истирдоди Абдуфаттоева Ф.А.-ро бекор намуда, ӯро аз боздошт раҳо кард.

Худи Абдуфаттоев ва наздиконаш айби эълоншуда алайҳи ӯро беасос хонда, рад карданд.

Гуфтанист, баъд аз даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи апрел, ду тараф якдигарро барои оғози ҷанг айбдор карданд. Дар пасманзари ин даргириҳо боздошту айбдоркунии шаҳрвандони ду кишвар расонаӣ шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 км бо ҳам марзи муштарк доранд, вале то ҳол 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ин боис гардида, ки ҳамасала байни сокинони наздимарзии ду кишвар муноқишаҳои зиёд рух медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.