13.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон дар остонаи дефолт (нотавонӣ дар баргардонидани вомҳои хориҷӣ) қарор дорад

Душанбе бо сарватҳои зеризаминӣ, замин ва роҳҳо вомҳояшро мепардозад. Тарҷума аз “haqqin.az” муаллиф: Виктория Панфилова

Бонки ҷаҳонӣ эълом карда, ки Тоҷикистон аз кишварҳо ва созмонҳои қарздиҳандааш хоста то пардохти қарзҳо ва фоизи онҳоро то нимаи соли 2021 ба таъхир гузоранд. Ҳиссаи назаррас аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон, ки 3,1 миллиард долларро ташкил медиҳад, ба кишвари Чин рост меояд. Ҳоло танҳо Пекин ба ин дархости Душнабе, розӣ шуда, ки мунтазир бимонад.

Ин хабари Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2021 барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” 562 миллион доллари дигар қарзи хориҷӣ ҷалб кунад.

Сабаби он ки Тоҷикистон қарзҳои худро пардохт карда наметавонад, дар бадшавии вазъи иқтисодӣ дар пайи пандемия ва маҳдудиятҳои аз он ба амал омада гуфта мешавад. Чораҳои нисбатан шадид дар охири баҳори гузашта ҷорӣ карда шуданд, ки тиҷорати хурду миёнаро зери хок кард. Муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар баргаштанд.

Танҳо дар Русия, бино ба маълумоти манбаъҳои гуногун, аз 700 ҳазор то як миллион нафар кор мекарданд. Мутаносибан интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон, бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, нисбат ба солҳои пешин 40% кам шуд. Зимнан, дар “солҳои бобарор” муҳоҷирони корӣ солона то 3 миллиард доллар маблағ ба кишвар интиқол медоданд.

Лимити барқ дар Тоҷикистон аз 5 январи соли равон ҷорӣ карда шуд. Маҳдудияти нерӯи барқ ​​пеш аз ҳама ба деҳот таъсир мерасонад, ки биноҳои баландошёна ва соҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим надоранд. Ин қарор ба далели он гирифта шудааст, ки сатҳи обанбори НБО “Норак” нисбат ба талабот 4 метр камтар гуфта мешавад.

Дар НБО “Роғун” ду турбинае, ки ба кор андохта шуданд, боздошта шуданд, чун дар сарбанди сохташудаистода тарқиш пайдо шуд. Дертар он бартараф карда шуд. Аммо барои чор чархаи баъдӣ дигар маблағ кофӣ нест. Тибқи нақша, НБО “Роғун” бояд соли 2029 пурра ба кор дарояд. Ҳукумат бо ширкатҳои мухталифи аврупоӣ, бахусус аз Австрия ва Олмон дар бораи сармоягузорӣ гуфтушунид мекунад. Аммо аз сабаби пандемия, касе барои сармоягузорӣ дар сохтмони дарозмуддат шитоб намекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол бар хилофи анъанаи солҳои пешин натиҷаҳои соли 2020-умро ҷамъбаст накард. Як манбаъ дар
Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки шояд ин кор дар нимаи моҳи январ дар мулоқоти сарвари давлат бо вакилон анҷом дода шавад. Дар ҳар сурат, натиҷаҳо ба гуфтаи коршиносон, ноумедкунандаанд. Тоҷикистон дар остонаи дефолт (Дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро накардани ӯҳдадориҳои молӣ) қарор дорад.

Муовини собиқи вазири иқтисоди Тоҷикистон Каримҷон Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо хушбинонатарин пешгӯйӣ, рушди ММДТ набояд аз 4% бештар интизор дошт. Тибқи гуфтаи ӯ, дар кишвар афзоиши камбизоатӣ ва ноустувории иҷтимоӣ дар назар аст. Мушкилоти дигар қарзи беруна мебошад, ки метавонад ба 50% ММД бирасад. “Дастрасии Ҳукумат ба кӯмаки молиявии беруна ва қарзҳо хориҷӣ душвортар хоҳад буд. Мушкилӣ дар пардохти қарзи хориҷӣ ва ӯҳдадориҳои молӣ бадтар хоҳад шуд.

Дар воқеъ, дар соли 2021 интизор шудан мумкин аст, ки Тоҷикистон бо хатари нотавонии пардохти қарз рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар соли 2021 кишварро норасоии доимии асъор интизор аст, ки ба рушди соҳибкории хусусӣ таъсири манфӣ мерасонад. Сатҳи ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби фурӯши металҳои қиматбаҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳукумат барои баргардонидани вазъи кунунӣ захираҳо надорад”, – таъкид мекунад Аҳмадов.

Душанбе бо дарки ноумедӣ аз вазиъитяи мавҷуда мехоҳад аз ибтикори кишварҳои узви G-20 барои таълиқи хадамоти қарзӣ истифода кунад. Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ин бора хабар додааст. Воқеан, Тоҷикистон ягона кишваре нест, ки аз ин ибтикор истифода карданист. Аммо ин иқдом танҳо ба қарзҳои дуҷониба дахл дорад, яъне маънои онро дорад, ки бо кишварҳои алоҳида гуфтушунид кардан мумкин аст, на бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ. “Ҳадафи ин ташаббус дастгирии кишварҳои камдаромад бо роҳи боздоштани хидмати расмӣ ва пардохти ӯҳдадориҳои қарзии дуҷониба то нимаи соли 2021 мебошад”, – гуфта мешавад дар гузориши БҶ.

Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ бар онанд, ки боздоштани хидмати қарз имкон медиҳад, ки маблағҳои зарурӣ дар буҷаи кишвар барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, алахусус соҳаи тандурустӣ дар шароити пандемия равона карда шаванд. Аммо танҳо Чин ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба таъхир гузоштани пардохти қарзи хориҷӣ то нимаи соли 2021 посух додааст.

Воқеан, қарзҳоро Пекин тавассути Бонки содироту воридоти Чин медиҳад, ки Тоҷикистон аз он қариб 1,2 миллиард доллар қарздор аст. Масалан, Тоҷикистон аз Фаронса 29 миллион доллар қарздор аст. ИМА 3,5 миллион доллар. Қисми боқимондаи он ба ташкилотҳои молиявӣ рост меояд. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунидро бо дигар қарздиҳандагони дуҷониба идома медиҳад.

Агар дар ин замина Душанбе ният дорад қарз гирад, пас ба эҳтимоли зиёд танҳо аз Чин гирифта метавонад. Пекин ҳеҷ гоҳ кумаки молиявӣ ба Тоҷикистонро рад намекунад. Самтҳои асосии сармоягузории ҷониби Чин ба саноати маъдан ва инфрасохтори ҷумуҳрӣ равона шудаанд, ки самти Пекин ба ҳамин тариқ ба Шарқ нигаронида шудааст.

Коршиноси тоҷик, доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо” Azeri Daily” таъкид карда, ки Чин ба ҳама чизи марбут ба маъданҳои зеризаминӣ таваҷҷӯҳ дорад ва дар Тоҷикистон тамоми ҷадвали Менделеев, аз ҷумла уран, тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳоро дорост. Бо назардошти сустии иқтисод ва надоштани имконоти технологӣ, Тоҷикистон наметавонад конҳоро мустақилона аз худ кунад. Аз ин рӯ, маҷбур аст хориҷиёнро ҷалб кунад, ки дар байни онҳо чиниҳо бештар фаъоланд.

Пекин нотавонии Душанберо барои пардохти вомҳояш пешбинӣ карда, нақшаи хуби пардохти онҳоро пайдо кард, ки он маъданҳои фоиданок дар ивази маблағҳо мебошад.

Тибқи маълумоти расмӣ аллакай се кони тилло ва як кони ангишт ба муддати 49 сол ба моликияти даромад. Аз ҷумла дар соли 2018 ширкати чинии ТВЕА барои коркарди кони тиллои Кумаранги боло дар вилояти Суғд (шимоли Тоҷикистон) иҷозатнома гирифт.

Ин кон барои баргардонидани қарз барои навсозии ТЕС Душанбе-2 интиқол дода шудааст. Қаблан худи ҳамон ширкат ба кони Шарқи Дуоба дастрасӣ пайдо карда буд ва то он даме, ки маблағҳои барои сохтмони Маркази гармидиҳӣ масрафшударо нагардонад, тилло истихроҷ хоҳад кард. Аммо то он вақт ба гуфтаи геологҳо, захираи тилло дар кон куллан тамом хоҳад шуд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири шӯъбаи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамаҳмад Умаров дар мусоҳиба бо “Azeri Daily” гуфта, ки ба ғайр аз захираҳо ва саҳмияҳои корхонаҳои стратегӣ, Душанбе метавонад роҳҳои нақлиётӣ ва заминҳоро таҳти назорати Чин қарор бидиҳад. Чунин як намуна ҳанӯз дар соли 2011 бавуқӯъ пайваст.

Он замон мақомоти кишвар 1% ҳудуди Тоҷикистонро аз заминҳои баҳсии Помири Шарқӣ ба Чин таслим карданд, ки он аз 1000 км мураббаъ бештар аст. Тоҷикистон он замон дар посух ба сару садоҳо посух дод, ки бо Пекин хуб савдо кардаанд, зеро онҳо ба маротиб аз ин ҳам бештар талаб мекардаанд.

Чин, ба гуфтаи Умаров, ба минтақаи Помир, ки аз маъданҳо, ба мисли уран, тилло, боксит, асбест, булури санг, сангҳои қиматбаҳо бой аст, даъвои гирифтан дорад. Эҳтимол меравад, пардохти қазрҳо бо додани замин идома ёбад ва қаламравро ба мӯҳлати номаҳдуд, бидуни тағир додани марзҳо ба иҷора бидиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.