33.9 C
Dushanbe

Суръати интернети Тоҷикистон яке аз пасттаринҳо дар ҷаҳон

Тоҷикистон аз лиҳози суръати Интернет ба даҳгонаи кишварҳои суръаташон пасттарин дар ҷаҳон шомил шуда, дар байни 224 кишвари дунё дар зинаи 211-ум қарор дорад.

Тибқи гузориши нашрияи бритониёии “Cable.co.uk”, ки фаъолияти ширкатҳои фароҳамсози Интернет (провайдерон)-ро муқоиса мекунад, боргузорӣ (загружать)-и файли ҳаҷмаш 5 гигабайт дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо суръати 1,82 Мбит/сония имконпазир будааст.

Дар Узбекистон бошад файли 5 гигабайтӣ бо суръати миёнаи 6,64 Мбит/с боргузорӣ карда мешавад ва бо ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ  37 зина боло рафта, дар ҷаҳон дар зинаи 166-ум карор дорад.

Дар кишварҳои ИДМ суръати Интернет ба ҳисоби миёна дар маҷмуъ 12,87 Мбит/сонияро ташкил дода, Туркманистон бадтарин суръатро дорад ва дар ҷаҳон аз ҳама охир, зинаи 224-умро касб кардааст.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ суръати баландтарини Интернет дар Қирғизистон – боргузории 5 гигабайт бо суръати 7,44 Мбит/с (зинаи 155-ум) сабт шудааст.

Миёни кишварҳои ИДМ дар сегонаи кишварҳои суръаташон баланд Русия (35,73 Мбит/с, зинаи 66-ум), Украина (25,26 Мбит/с, зинаи 77-ум) ва Беларус (19,86 Мбит/с, зинаи 92-юм) қарор доранд.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар соли 2020 шумораи корбарони Интернет дар кишвар 3,34 млн нафар ва корбарони алоқаи мобилӣ – 7,3 млн нафарро ташкил дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.