Тоҷикистон хоҳони эълони оташбас дар Панҷшер шуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз мулоқот бо раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо хостори эълони оташбас дар вилояти Панҷшери Афғонистон шуд.

Дар изҳороти ҷаноби Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз мулоқот дар Душанб бо Ҷозеф Боррел, Намояндаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо таъкид кард: “Дар рафти музокирот ба амнияту суботи марзҳои Тоҷикистон ва вазъи Афғонистону минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.”

Тоҷикистон мегӯяд: “Мо хоҳони истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу субот дар Афғонистон, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем.”

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози шиддат гирифтани низоъҳо дар Афғонистон ва сари қудрат омадани Толибон пайваста такрор мекунад: “Мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем.”

Возири корҳои хориҷии Тоҷикистон меафзояд: “Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарин дониста шуданд.”

Гуфтанист, дар наздик ба 100 рӯз пеш дар 15-уми августи соли ҷорӣ нерӯҳои Толибон дар Афғонистон қудратро пурра ба тасарруфи худ дароварданд ва худи ҳамон рӯз президенти амалкунандаи ин кишвар Ашраф Ғанӣ фирор кард. Артиш пароканда шуд, низоми аз байн рафт ва айни замон дар раъси қудрат Толибон қарор доранд. Тоҷикистон ва хеле аз кишварҳои дунё шарти ба расмият шинохтани Толибонро ташкили ҳукумати ҳамашумул эълон кардаанд, аммо Толибон аз таъсиси ҳукумати ҳамашумул таърифи дигар доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Маҷлиси намояндагони Амрико салоҳиятҳои Трампро дар ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида қатъномаеро қабул кард, ки ҳадаф аз он маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.