36.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон нозирони САҲА-ро барои интихоботи 11 октябр то ҳанӯз даъват накардааст

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) як созмони байналмиллалӣ, ки интихоботи кишварҳоро назорат мекунад ва дар охир аз нигоҳи қавонини демократӣ мутобиқ будан ва ё набудани онҳоро баҳо медиҳад, иддао дорад, ки то ҳанӯз даъвати расмӣ барои назорати интихоботи президентии Тоҷикистонро дарёфт накардааст.

Хабаргузории “Садои Хуросон” бо такя ба сомонаи Осиёи Марказӣ менависад, ки Лорен Баранауска, сухангӯи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) гуфтааст, ин созмон то ҳол даъвати расмӣ барои назорат дар интихоботи президентии 11 октябр дар Тоҷикистонро нагирифтааст ва умедвор аст, ки ин даъватнома рӯзҳои наздик ба онҳо ирсол карда мешавад.

Ин созмони байналмиллалӣ шурӯъ аз соли 2006 то ҳол бар раванди баргузории интихоботи порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон назорат бурдааст, вале ҳеҷ як аз интихоботи гузаштаро шаффофу демократӣ ва мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ унвон накардааст.

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон (КМИРТ) бо вуҷуди ин, ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ камтар аз як моҳ монда аст,  дар бораи ҳузури нозирони байналмилалӣ ибрози назар накардааст.

Дар солҳои ахир ихтилофи назари Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи мухолифони сиёсии ҳукумати Душанбе шиддат ёфта ва фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст. Ҳатто чанд маротиба дар назди Дафтари САҲА дар Душанбе эътирозҳо баргузор гардида, мӯътаризон хостори он шуданд, ки мухолифонро дар Аврупо роҳ надиҳанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳеч навъ эътирози оммавӣ ва худҷӯш ҳеҷгоҳ иҷозат намедиҳанд, ба ҷуз чанд тан ҷавононе, ки худи ниҳодҳои амниятӣ онҳоро омода кардаанд то бар зидди мухолифони сиёсии ҳукумат дар назди сафорати Олмон ва Дафтари САҲА дар Душанбе эътироз кунанд. Мақомот мегӯянд, ин гурӯҳ бо хоҳиши худашон чунин эътирозҳоро ташкил медиҳанд, вале касе аз равшанфикрон ва озодандешон ба ин гуфтаи мақомот бовар надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.