Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо Туркия ва Чин барқарор мекунад

Тоҷикистон парвозҳои мустақимро бо Туркия ва Чин пас аз 7 моҳи танаффус аз нав барқарор намуд. Аз имрӯз 7 октябр  парвозҳои мустақим аз сар гирифта шуданд.

Икром Субҳонзода директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст: “Парвозҳои мустақим байни Душанбе – Истамбул ва Душанбе – Урумчӣ тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  бемории коронавирус – Ковид -19  ва бо назардошти риояи ҳатмии санитарию эпидемикӣ гирифта шудааст”.

Ба гуфтаи  Субҳонзода парвозҳо  дар самти  Душанбе-Истанбул ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии “Somon Air”-и Тоҷикистон  ва “Turkish Airlines”-и Туркия анҷом дода мешавад.  Парвози мустақими ҳавопаймо дар масири Душанбе-Урумчӣ вобаста ба теъдоди мусофирон дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон — «Somon Air» ва Чин — «China Southern Airlines» анҷом дода мешавад.

Субҳонзода дар идома дар мавриди кушодашавии парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Тошаканд низ ишора карда, гуфтааст:

“аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Парвозҳои Душанбе – Тошкенд дар ҳоли бозбинӣ қарор дорад”.

Аз руйи талаботи Ситоди ҷумҳурияви мубориза ба каронавирус дар Тоҷикистон гуфта шудааст, ки  мусофирон ҳатман бояд ҳуҷҷати исботкунандаи натиҷаи ташхиси тиббӣ, ки манфӣ будани COVID-19-ро нишон додааст, пеш аз 72 соати парвоз бо худ дошта бошанд.

Гуфта мешавад, маълумотномаҳо дар ташхисгоҳҳое, ки ба таҳлили саломатии беморони марбут ба COVID-19  сару кор доранд,  ба таври ройгон будааст.

Ҳамчунин сомонаи «Азия-Плюс», бо такя ба манбааш аз ширкати “Сомон Эйр” хабар дод, ки аз 8 октябри соли 2020 ширкати “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе аз сар мегирад.

Ба навиштаи ин сомона  Парвозҳо ҳафтае як маротиба – рӯзи панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:00, аз Истамбул – соати 10:45 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Манбаи “Азия-Плюс” дар идома гуфтааст:   “Билетҳоро аз хазинаҳои билетфурӯшӣ ва инчунин онлайн дар сомонаи ширкат харидан имкон дорад. Арзиши чиптаҳо аз 3672 сомонӣ ва аз рӯи ҷадвали тарифӣ баландтар аст”.

Дар ҳамин ҳол манбаъ гуфтааст, барои ин масири муайяншуда на дар сомонаи ширкат ва на дар хазинаҳои чиптафурӯшӣ билетҳо барои парвозҳои навбатиро пайдо накардаанд.

“Арзиши чипта барои парвози 8 октябр аз 4300 сомонӣ ва аз он бештар нарх дошт, ки ҳамаи ин билетҳо харида шудаанд, ҷойи холӣ нест, аммо барои парвози навбатӣ рӯзи 12 октябр (парвози Turkish Airlines) билетҳо танҳо бо арзиши 11-12 ҳазор сомонӣ боқӣ монданд”, – навиштааст манбаъ.

Тоҷикистон парвозҳои ҳавопаймоҳоро 20 марти соли равон бо сабаби хуруҷи вируси COVID-19 бо бисёр кишварҳои дунё қатъ намуда буд,  ҳоло танҳо дар масири Душанбе – Дубай парвози мустақим ба роҳ монда шудааст. Бо федаратсия Русия бошад,  то ҳол  парвазҳои мустақим маъулм нагардидааст. Ин дар ҳолест, ки Русия бо 24 кишвар, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ парвозҳои мустақими худро барқарор намуд, аммо бо Тоҷиткистон ҳамчунон бетағйир мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳи Димишқ муфтии пешини Сурияро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ рӯзи душанбе, 24-уми август Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии пешини Сурия дар замони ҳукумати Башор Асадро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ихроҷи ду муҳоҷир аз Русия барои пӯшидани либоси занона

Додгоҳи ноҳияи Люблинои Маскав ду шаҳрванди хориҷиро барои "тарғиби ЛГБТ" ба 10 шабонарӯз ҳабс ва ихроҷ аз Русия маҳкум кардааст.

Боздошти се гумонбар бо иттиҳоми оташ задани бозори шаҳри Ҳисор

Дар шаҳри Ҳисор се гумонбар бо иттиҳоми ташкили сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонӣ боздошт шудаанд.

Оё Эрон барои пайвастан ба Созишномаи Макка даъват шудааст?

Ба гузориши расонаҳо, Эрон барои пайвастан ба Созишномаи муштараки дифоии Макка, ки чанде пеш миёни Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон ба имзо расид, даъват шудааст.