26.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон саркӯбгартарин кишвари Осиёи Марказӣ дар мавриди ҳуқуқи башар дониста шудааст

Мусоҳибаи махсуси “Аздо тв” бо Филипп Дам, мудири ҳимояти ҳуқуқии Аврупо ва Осиёи Марказии Дидабони ҳуқуқи башар дар мавриди натоиҷи муколимаи солонаи ИА бо Тоҷикистон оиди вазъи ҳуқуқи башар, таъсир ва баррасии пешниҳоду тавсияҳои ИА ба Тоҷикистон мусоҳиба анҷом дод.

Мусоҳибаи мазкур зери унвони: “Муколамаи ҳуқуқи башарии ИА бо Тоҷикистон, интозориҳо ва натиҷаҳо”, баргузор гардид. Хонандагони азиз, Шумо метавонед тарҷумаи ин мусоҳибаро дар зер мутолиа кунед.

Аздо тв: Салом, Филип. Хуш омадед ба барномаи нави Аздо тв. Мехостем дар  мавзуъи “Гуфтугуҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон” чанд савол дошта бошем. Таъсир ва натиҷаи ин гуфтӯгуҳо чӣ гуна буд?

Филипп Дам: Чӣ хеле ки шумо медонед, Гуфтугуҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо бо дигар кишварҳо сурат мегирад ва як фурсате ҳаст, ки ИА метавонад соле як маротиба нигарониҳои худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо ироа кунад, тавсияҳои худро пешниҳод намояд ва барои тағйири вазъ фишор орад.

Он чизе, ки дар робита бо Тоҷикистон муҳим буд, ман фикр мекунам, ки даъват барои амалӣ намудани қарорҳо ва хулосаҳои мақомоти СММ, хусусан озод намудани зиндониёни сиёсӣ буд. Ин нуқта махсусан муҳим аст, зеро дар тӯли се соли охир, дар ҳақиқат, Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, инчунин Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи Созмони Милали Муттаҳид ба парвандаҳои инфиродии мухолифони сиёсӣ ва вакилони зиндонии дар чанд соли охир боздоштшударо мавриди баррасӣ қарор додааст.

Аз ин рӯ, ба фикри ман, ин як даъвати муҳим барои ҷавобгариву масъулиятшиносӣ аст ва ман умедворам, ки ин як ҳавасмандие барои фаъолони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мешавад, то истифодаи механизмҳои СММ-ро барои ҳалли паёмадҳои фишору таъқиб дар кишвар идома диҳанд. Ба фикрам, ин буд натиҷаи асосии ин гуфтугуҳо.

Аздо тв: Ташаккур барои чунин ҷавоби мухтасар. Пас фарқ байни натиҷаҳои имсолаи ин гуфтугӯҳо ва музокироти соли гузаштаи 2019 дар чист? Он замон ҳам чунин мулоқот байни ҳайати ИА ва Тоҷикистон низ баргузор шуда буд. Оё ягон тафовут ва беҳбудӣ вуҷуд дорад ё на?

Филипп Дам:  Хуб, чизе гуфтан дар бораи ҳамаи нуқтаҳое, ки дар ҷараёни ин музокирот баррасӣ шуд, душвор аст, зеро он як мулоқоти хусусӣ буд. Сабти видеоии он вуҷуд надорад. Барои дақиқ донистани он ки кадом масъалаҳо барраси шуданд ва чӣ суханҳо гуфта шуданд, ҳеҷ имконияте нест. Аммо нуқтаи асосӣ он аст, ки Иттиҳоди Аврупо пас аз баргузории чунин нишастҳо изҳорот нашр мекунад ва дар он баъзе нигарониҳояшро зикр мекунад, вале шарт нест, ки ҳамаи нуқтаҳоро зикр карда бошад.

Ҳамчунин, ман фикр мекунам, ки тафовути асосӣ истинод ба қарорҳои СММ дар бораи парвандаҳои зиндониёни сиёсӣ ва махсусан таъкид кардани ИА ба парвандаи вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров буд, чӣ хеле, ки Шумо медонед, бо ҳукми суд ба муддати ниҳоят тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудааст ва ин ҳукм ба назари мо худсарона аст.

Аздо тв: Хуб, ташаккур. Соли 2016 Парлумони Аврупо дар бораи парвандаҳои зиндониёни сиёсӣ қатънома қабул кард ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки ин зиндониёнро озод намоянд.

Барои ташвиқ кардани аъзоёни тоза мунтахаби “Пралумони Аврупо” ба қабули қатъномаи нав чӣ бояд кард?
Ин суоли якум аст. Ва суоли дуввум ин ки чунин як қатънома дар сиёсатҳои хориҷии ИА кӯмак мекунад ё таъсире мерасонад?

Филипп Дам: Хуб, биёед ин нуқтаро равшан намоем. Мавқеи парлумони Аврупо, ки соли 2016 қабул шудааст, то ҳол расман ҳамон мавқеи парлумон мебошад, зеро парвандаҳое, ки дар он қатънома зикр шудаанд, аксарияти онҳо то ҳол ҳалли худро наёфтаанд ва афроди худсарона маҳкумшуда то ҳол паси панҷара қарор доранд. Аз ин рӯ, ба фикрам, барои ҳамаи мо бояд равшан бошад, ки мавқеи имрӯзаи Парлумони Аврупо, бо вуҷуди он ки чор сол сипарӣ шудасст, то ҳол бетағйир мондаст.

Чун Парлумон то ҳол идома дорад, пас бояд ба он ҳамчун идомаи даъват барои озод кардани ин афрод тавассути Парлумони Аврупо назар карда шавад. Инчунин дуруст аст, ки шояд Парлумон дар вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ камтар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд, зеро дар як сол пеш ба Парлумон вакилони нав интихоб шуда буданд. Ба фикрам, ин чунин маъно дорад, ки мо, ҳамчун ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолони байналмилалии ҳуқуқи инсон, барои ҷалб кардани диққати Парлумони Аврупо бояд баъзе корҳоро анҷом диҳем.

Аммо дарвоқеъ, мавқеи он дар мавриди даъват барои озод кардани зиндониёни сиёсӣ боқӣ мондааст, гарчанде, ки пас аз он ягон қатъномаи наве қабул карда нашудааст. Ман фикр мекунам, ки қатъномаи нав метавонад эҳтимолан кӯмак кунад, ки Комиссияи Аврупо ва Хадамоти Хориҷии ИА нисбат ба ҳолатҳои нигаронкунандаи Тоҷикистон, бавижа вазъи зиндониёни сиёсӣ диққати бештар дошта бошанд. Аммо ба фикрам, мо бояд ба Комиссияи Аврупо фишор орем, то мустақиман ба он парвандаҳое, ки муддати тӯлонӣ идома доранд, вокуниши бештар нишон диҳад.

Дар робита бо истифодаи шиканҷа, боздоштҳо, шароити зиндон ва ҳолатҳои маргҳои ахир дар боздоштгоҳҳо нигарониҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд. Таъқибу фишори мухолифон дар хориҷа, дар муҳоҷират ва нисбати оилаҳои фаъолоне, ки Тоҷикистонро тарк кардаанд, вуҷуд доранд. Ман фикр мекунам, ки бояд фишор ба комиссия идома ёбад, то ҳукумати Тоҷикистон аз таъқиб, фишор ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон даст бардорад.

Аздо тв: Ташаккур. Биёед ба мавзӯи изҳороти ахири Дидабони Ҳуқуқи Башар баргардем. Чанде пеш изҳороте дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ нашр шуд. Инчунин Шумо баъзе зиндониёнеро зикр карда гуфтед, ки вазъи дохили зиндонҳо тоқатфарсост. Метавонед дар ин мавзӯъ тафсилоти бештар диҳед?

Филипп Дам: Бале. Он як амали маъмул аст, ки мо пеш аз гуфтугӯҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо як баёнияеро ба Хадамоти дипломатии Авруп фиристодем.

Ҳамчунин, чӣ тавре ки Шумо гуфтед, мо як изҳороти матбуотие нашр кардем ва Иттиҳоди Аврупоро даъват намудем, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро афзалият дода, ҳуқуқи инсонро дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар мадди аввал гузорад.

Мехостам ишора кунам, ки барои ИА боз як имконияти наве фароҳам мешавад, то барои тағйироти мусбӣ дар Тоҷикистон саҳм гузорад ва он Шӯрои дуҷонибаи ба истилоҳ ҳамкорӣ байни ИА ва Тоҷикистон мебошад ва дар назар аст, ки моҳи декабр баргузор мешавад.

Онро вазири корҳои хориҷии Олмон раҳбари мекунад. Он танҳо марбут  ба ҳуқуқи башар нест, вале хеле муҳим аст, ки ИА боз ҳам ҳуқуқи инсонро ҳамчун ҷузъе аз ин муҳокимаҳо қарор диҳад.

Бояд як қатор масъалаҳо дорои афзалият бошанд, аз ҷумла вазъи зиндониёни сиёсӣ, парвандаи таъқиби фаъолони дар хориҷ қарордошта, суиистифода аз пайгард тариқи Интерпол ва дархостҳои истирдод. Ба фикрам, масъалаи сеюм низ вуҷуд дорад, ки хусусан нигаронии Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар Тоҷикистонро дар бар мегирад, яъне заноне, ки бардавом бо хушунати хонаводагӣ дучор мешаванд.

Мо аз ҳукумат талаб мекунем, ки қонунгузории муҳофизатии худро комилан амалӣ намояд, ҳамчунин барои ба хушунати хонаводагӣ ҷурми ҷиноятӣ нисбат донистан чораҳои минбаъда андешанд ба ин вазъ хотима бахшад, зеро вазъи бисёр занон ҳатто бадтар шудааст. Аз ҷумла, дар шароити маҳдудиятҳои пандемияи вируси коруно.

Аздо тв: Масалан, қарори СММ, инчунин қатъномаи Парлумони Аврупо, ҳамчунин номае аз Сенаторони  ИМА дар барои озод кардани зиндониёни сиёсӣ мавҷуд аст ва даъват кардаанд то онҳоро озод кунанд, аммо ҳукумат дар ин бора парвое надорад. Баракс дар айни замон, дида мешавад, ки кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро маблағгузорӣ ва дастгирӣ мекунанд. Чӣ бояд кард, то натиҷаҳои мушаххас ба даст оварда шаванд, чӣ хеле ки шумо гуфтед, дар бораи зиндониёни сиёсӣ, дар бораи пайгарди Интерпол, дар бораи хушунати хонаводагӣ ва озодии баён? Маҳз кадом амалҳоро бояд фаъолони тоҷик ва ҳомиёни ҳуқуқи башар иҷро намоянд?

Филипп Дам: Ман фикр мекунам, ки стратегияи истифода аз механизми СММ дар баъзе парвандаҳои зиндониёни сиёсӣ стратегияи хуб аст, зеро он қонунӣ исбот мекунад, ки ҳукми ин афрод худсарона аст ва ба фаъолияти мо бо ИА, бо ИМА ва бо дигар тарафҳо эътимод мебахшад. Ман гумон мекунам, ки ҳамчунин мо бояд фишорро ба Комиссияи Аврупо идома диҳем, вале ҳамчунин кишварҳои узви ИА бояд ба нигарониҳои мо роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, ки ҳанӯз дар сатҳи матлуб нест. Возеҳан, Тоҷикистон ҳоло ба яке аз саркӯбгартарин кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Дарвоқеъ он бар зидди тамоюле, ки дар дигар кишварҳои минтақа дида мешавад, рафта истодааст, зеро онҳо ислоҳот ваъда додаанд, бо вуҷуди он ки то ҳол натиҷаҳои ин ваъдаҳо дида намешаванд. Возеҳ аст, ки чун сухан дар бораи ҳуқуқи башар меравад, Тоҷикистон дар масири хеле манфӣ қарор дорад ва ин ҳолат чанд сол ин ҷониб давом дода истодааст. Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки аз муносибатҳои тиҷории мусоидтар бо ИА баҳра барад.

Тавре ки шумо медонед, Тоҷикистон изҳоритамол дорад, ки аз низоми GSP+ (низоми тарифҳои имтиёзноки гумрукӣ) баҳравар бошад. Бубинед, Иттиҳоди Аврупо бояд бениҳоят возеҳ бошад. Бояд ба ҳеҷ ваҷҳ Тоҷикистон ҳатто орзуи баҳраманд шудан аз ин имтиёзҳоро надошта бошад, зеро он дар риояи унсурҳои асосӣ, аз ҷумла дар иҷро кардани шартҳои СММ оид ба ҳуқуқи башар ва иҷрои ӯҳдадориҳои худ ноком шудааст.

Ин бояд як паёми возеҳе бошад, ки Тоҷикистон бояд аз ин роҳ баргардад, зиндониёни сиёсиро озод кунад, таъқиби онҳоеро, ки тасмим гирифтаанд кишварро тарк кунанд, бас кунад ва дар ҳақиқат вазъи ҳуқуқи башарро беҳтар кунад, пеш аз он ки ҳатто муроҷиат карданро барои ба даст овардани ин имтиёзҳо баррасӣ намояд.

Дуввум, дар мавриди саволи шумо роҷеъ ба таҳримҳо. Ба фикрам, он бояд як ихтиёре бошад, бо назардошти вазнинии баъзе сӯиистифодаҳои анҷомдодашуда, хусусан пас аз соли 2014. Оид ба Тоҷикистон, ИА ташкили низоми хосси таҳримотии худро нисбати шахсоне, ки дар вайронкунии шадиди ҳуқуқи башар саҳм доранд, ба анҷом расонида истодааст.

Ин ҳанӯз ба анҷом нарасидааст, аммо ман фикр мекунам, ки зуд ба анҷом хоҳад расид. Боз ҳам, мо ҳамчун фаъолон бояд баррасӣ кунем, ки чӣ гуна ин механизмро пас аз ба анҷом расидан истифода хоҳем бурд, то минбаъд касе аз мансабдорон ва шахсони дигаре, ки дар вайронкунии шадиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гунаҳкор ҳастанд, аз ҷумла боздошти худсарона, аз ҷумла шиканҷа дар кишвар ва ғ., беҷазо намонанд. Он стратегияи мӯҳлаташ миёна аст ва барои истифодаи он мо бояд сабр кунем. Аммо, ман фикр мекунам, ки ин як амри хеле ҷиддӣ аст, ки мо бояд онро баррасӣ кунем.

Ташаккури зиёд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.