Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад то соли 2025, яъне давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 200 тарҳи давлатии сармоягузориро амалӣ намояд. Акс: Интернет “Аvesta.tj” дар истинод ба сохторҳои дахлдори блоки иқтисодии кишвар хабар медиҳад, ки аз ин 200 тарҳ, танҳо ба бахши воқеӣ ва зербиноӣ беш аз 82 миллиард сомонӣ, ҳудуди беш аз 8 […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад то соли 2025, яъне давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 200 тарҳи давлатии сармоягузориро амалӣ намояд.
Акс: Интернет
“Аvesta.tj” дар истинод ба сохторҳои дахлдори блоки иқтисодии кишвар хабар медиҳад, ки аз ин 200 тарҳ, танҳо ба бахши воқеӣ ва зербиноӣ беш аз 82 миллиард сомонӣ, ҳудуди беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ҷалби ин маблағҳо аз ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, кишварҳои алоҳида ва ҳамчунин аз сармоягузории мустақим дар назар буда, маблағҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ бо шартҳои имтиёзнок ва дарозмуддат ҷалб карда мешаванд.
Бино ба иттилои манбаъ, аз соли 2002 ба ин сӯ ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шуда, зиёда аз 36 миллиард сомонӣ сармоягузории мустақим ба рушди соҳаи саноат равона карда шудааст. Бо вуҷуди сармоягузориҳо ва таъкидҳои Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи саноат, ин соҳа дар Тоҷикистон хеле заифу ақибмонда аст.
Дар гузашта низ мақомоти кишвар аз даҳҳо тарҳи давлатии сармоягузорӣ гуфта буданд, аммо аксари он тарҳҳо то имрӯз амалӣ нашудаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.