Тоҷикистон

Амалӣ кардани 200 тарҳи сармоягузорӣ дар се сол

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад то соли 2025, яъне давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 200 тарҳи давлатии сармоягузориро амалӣ намояд.

“Аvesta.tj” дар истинод ба сохторҳои дахлдори блоки иқтисодии кишвар хабар медиҳад, ки аз ин 200 тарҳ, танҳо ба бахши воқеӣ ва зербиноӣ беш аз 82 миллиард сомонӣ, ҳудуди беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ҷалби ин маблағҳо аз ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, кишварҳои алоҳида ва ҳамчунин аз сармоягузории мустақим дар назар буда, маблағҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ бо шартҳои имтиёзнок ва дарозмуддат ҷалб карда мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз соли 2002 ба ин сӯ ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шуда, зиёда аз 36 миллиард сомонӣ сармоягузории мустақим ба рушди соҳаи саноат равона карда шудааст. Бо вуҷуди сармоягузориҳо ва таъкидҳои Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи саноат, ин соҳа дар Тоҷикистон хеле заифу ақибмонда аст.

Дар гузашта низ мақомоти кишвар аз даҳҳо тарҳи давлатии сармоягузорӣ гуфта буданд, аммо аксари он тарҳҳо то имрӯз амалӣ нашудаанд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Тоҷикистон

Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғдро болои қолинҳои сурху сафед роҳ надодан

Афғонистон

Толибон: Қотили волии Балх тоҷикистонӣ буд

Тоҷикистон

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Тоҷикистон

КДАМ: Бачаат гапатро нагирад, оқаш кун!