24.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон содироти барқро 43 дарсад зиёд кард вале лимит дар кишвар побарҷост

Дар муқоиса бо се моҳи аввали соли 2020 Тоҷикистон ҳаҷми интиколи барқро ба кишвари ҳамсоя дар ҳамин давраи соли ҷорӣ қариб ба андозаи 43 % зиёд кард.

Азия-Плюс бо такя ба Агентии омори назди раёсати ҷумҳурӣ навишта, ки давоми моҳҳои январ -март ба хориҷи кишвар 9 млн 719 ҳазор доллар барқ интиқол дода шудааст. Маблағ ба барқи интиқолёфта дар ҳамин давраи соли гузашта 6 млн 850 ҳазор долларро ташкил дода буд.

Қаблан зикр гардида буд, ки интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистон сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол худи Тоҷикистон оид ба истифодаи барқ маҳдудият (лимит) амал карда он расман аз 5 январ ҷорӣ шуд, ҳарчанд сокинони деҳот ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта аз зуд зуд ва ба муддати тӯлони қатъ гардидани барқ шикоят мекарданд.

Дар ҳоли ҳозир аҳолии деҳот рӯзона аз соати 5 субҳ то 23 шаб бо барқ таъмин карда мешаванд. Айни замон танҳо дар ҷойҳое, ки дар онҷо хонаҳои баландошёна ҷойгир ҳастанд нерӯи барқ шабонарӯзи интиқол меёбад.

Аввали ҳафта ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки бо оғози моҳи мубораки Рамазон мардум субҳ ва шомгоҳон бо барқ таъмин карда мешаванд, то ки хӯрок таёр карда тавонанд.

Ширкати “Барқи тоҷик” пурра бартараф шудани реҷаи маҳдудияти истифодабарии барқро ба гармшавии ҳаво вобаста медонанд, ки ба афзоиши маҷрои об дар дарёҳо мусоидат мекунад, зеро 93 % барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқӣ оби истеҳсол мешавад. Лекин дар мавриди комилан бекор кардани реҷаи маҳдудияти истифодабарии барқ (лимит) ҳоло дар ширкати “Барқи тоҷик” ҳечгуна тасмиме гирифта нашуда аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.