32.9 C
Dushanbe

Тоҷикон соли 2020 хеле кам ба Аврупо паноҳ бурдаанд. Вазъият беҳтар шуд ё таъсири пандемӣ буд?

Мақомоти Лаҳистон мегӯяд, давоми солҳои 2015 то 2020-ум 1950 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти ин кишвари аврупоӣ, соли 2016 аз ҳама бештар, яъне 882 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистон дархости паноҳандагӣ карданд, аммо соли 2020 ин омор ба 87 нафар коҳиш ёфт.

Дафтари кор бо муҳоҷирони кишвари Лаҳистон ба дархости “Аздо тв” дар мавриди омори паноҳандагон хабар дод, ки дар умум аз 1950 тоҷикистоние, ки давоми солҳои 2015 то 2020 аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд, ба 129 нафар паноҳандагӣ дода шуда, дархости 496 нафар рад шудааст.

Инчунин парвандаи 1315 нафар қатъ гардидааст. Масъулони Дафтари кор бо муҳоҷирон тафсилоти бештар дар мавриди қатъи парвандаи беш аз ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистонро нагуфтанд, аммо зимнан қайд карданд, ки ҳангоми баррасии парванда агар паноҳҷӯ кишварро тарк кунад, парвандааш қатъ мегардад.

Якуб Дудзяк, сухангӯи Маркази матбуоти кор бо муҳоҷирон дар Лаҳистон. Сурат: udsc.gov.pl

“Ба шаҳрванди хориҷие, ки дар ватани аслаш ӯро таъқибу фишор, ё хавфи воқеии талафоти ҳаёт ва ё саломатӣ таҳдидаш мекунад, ҳимояи байналмилалӣ дода мешавад. Агар чунин тарси асоснок вуҷуд надошта бошад, қарори манфӣ қабул карда мешавад. Масалан, хориҷие пеш аз анҷоми мурофиа кишварро тарк кунад, парвандаи ӯ қатъ карда мешавад”, – гуфт, сухангӯи Маркази матбуоти кор бо муҳоҷирон дар Лаҳистон ба “Аздо тв”.

Талаби паноҳҷӯйи тоҷикон он замоне оғоз шуд, ки дар соли 2014 “Гурӯҳи 24” ва соли 2015 ҲНИТ- ро дар Тоҷкиситон мамнӯъ эълон карданд. Дар пайи манъи фаъолияти ин ду гурӯҳи мухолифи ҳукумат қисме аз тарафдорони онҳо зиндонӣ қисми зиёдашон аз кишвар фирор карданд.

Паноҳҷӯён мегӯянд, замоне аз кишвар маҷбур шуданд фирор кунанд ва ба Аврупо паноҳ барданд, ки худро дар Тоҷикистон амн эҳсос намекарданд. Баъд аз зич шудани ҳамкории мақомоти Душанбеву Маскав дигар дар Русия низ эмин набуданд.

То кунун беш аз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои мухталифи Аврупо паноҳ бурдаанд. Аксари онҳо аз тариқи Лаҳистон, ки дар марзи Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Беларус ва Украина ҷойгир шудааст, худро ба Аврупо мерасонанд.

Дар баробари аъзоёни ҲНИТ ва гурӯҳи 24 шумори зиёде аз озодандешон, рӯзноманигорон ва дигар афроди саршинос ба хотири маҳдудияти озодии баён, маҳдудиятҳои динӣ ва фишору таъқиби мақомот тарки ватан карданд ва аксари онҳо низ ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.