Хабар
ҲУҚУҚИ ИНСОН
Тоҷикистон раванди хуруҷ аз Додгоҳи Гаагаро оғоз кард
Тоҷикистон рӯзи 20-уми ноябри соли 2026 расман Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро аз тасмими худ барои хуруҷ аз Оинномаи Рим, ки асоси фаъолияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноист, огоҳ кардааст.
Тоҷикистон рӯзи 20-уми ноябри соли 2026 расман Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро аз тасмими худ барои хуруҷ аз Оинномаи Рим, ки асоси фаъолияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноист, огоҳ кардааст.
Дар ин бора дар огоҳиномаи расмии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Феҳристи шартномаҳои байналмилалии ин созмон нашр шудааст, хабар дода мешавад.
Тибқи моддаи 127-и Оинномаи Рим, ҳар кишвари узв метавонад бо ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ба Дабири кулли СММ аз ин санад хориҷ шавад. Аммо хуруҷ танҳо як сол пас аз расидани огоҳинома эътибор пайдо мекунад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон то 20-уми ноябри соли 2027 ҳамоно узви Оинномаи Рим боқӣ мемонад ва бояд уҳдадориҳои худро дар назди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ иҷро кунад.
Бояд гуфт, Тоҷикистон Оинномаи Римро соли 1998 имзо карда, санади тасдиқи онро соли 2000 ба СММ супурда буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2026 Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ расман эълон кард, ки Тоҷикистон бо иҷро накардани дархости боздошт ва супоридани Владимир Путин уҳдадориҳои худро тибқи Оинномаи Рим иҷро накардааст. Моҳи майи ҳамон сол ин масъала барои баррасӣ ба Ассамблеяи кишварҳои узви додгоҳ ирсол шуд. Аммо аввали моҳи октябри соли ҷорӣ вакилони порлумони Тоҷикистон қатъи узвияти кишварро дар ин додгоҳ матраҳ ва ҷонибдорӣ карданд.
Лоиҳаи қарори мазкурро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон, пешниҳод карда буд. Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Идибек Қаландар ҳангоми баррасии масъала гуфта буд, ки фаъолияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ то рафт сиёсӣ шуда истодааст.
Чанде пеш, моҳи апрели соли 2025 Наҳзати исломии Тоҷикистон (собиқ ҲНИТ) ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ба Додситонии Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Гаага аз Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти Тоҷикистон шикоят бурда, онҳоро ба даст доштан дар ҷиноятҳои зидди башарият муттаҳам карда буданд. Дар ин муроҷиат беш аз 60 мавриди эҳтимолии нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шиканҷа, куштор, боздоштҳои худсарона ва нопадидшавии маҷбурӣ, ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Додситонии додгоҳ бояд ин маводро арзёбӣ карда, муайян кунад, ки оё барои оғози таҳқиқи расмӣ асосҳои кофии ҳуқуқӣ вуҷуд доранд ё на. То ин замон дар бораи оғози чунин таҳқиқот эълони расмӣ нашудааст.