Толибон бори дигар қазияи чархболҳоро бардоштанд

Вазорати дифои миллии Толибон бори дигар ба кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ҳушдор дод, ки чархболҳои низомие, ки дар пайи суқути давлати Ашраф Ғанӣ ба ин кишварҳо бурда шудаанд, бозпас гардонанд.

Толибон ҳушдор медиҳанд, ки чархболҳои низомие, ки тавассути низомиёни ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистону Узбекистон бурда шудаанд, моликияти мардуми Афғонитон ҳастанд ва дар сурати таҳвил надодани ин чархболҳо, бо ҳар роҳе, ки бошад оҳоро хоҳанд гирифт.

Иноятуллоҳи Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои Толибон дар суҳбат бо хабаргузории “Тулуънюз” таъкид кард, ки ин чархболҳое, ки дар Тоҷикистону Узбекистонанд марбути мардуми Афғонистон ҳастанд ва “ҳар вақт бошад гирифта мешаванд ва ҳисоб мешаванд.“

Аммо ба гуфтаи коршиносони низомӣ, то ҳукумати Толибон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нашавад, баргардонидани чархболҳо номумкин аст.

Дар ҳамин ҳол Фаҳим Кӯҳдоманӣ, дипломати пешини Афғонистон мегӯяд, кишварҳое, ки чархболҳо ба онҷо бурда шудааст, мустақилона ва бидуни ризоияти Амрико наметавонанд барои бозпас гардондани онҳо ба Толибон тасмим бигиранд. Ӯ ба “Тулуънюз” гуфт: “Кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҳеч унвон иҷозати таслими чархболҳоро ба ҳукумати мавҷуд (Толибон) надоранд.“

Толибон иддао дорад, ки дар пайи суқути ҳукумати пешини Афғонистон беш аз 40 чархбол тавассути низомиён ба кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бурда шудаанд ва ҳамвора аз мақомоти ин кишварҳо талаб дорад, ки ин чархболҳоро ба Афғонистон таҳвил бидиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.