Толибон пешниҳодоти Ҷабҳаи Панҷшерро напазируфт

Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз чанд рӯзи инкор бо нашри эъломияе хабар дод, ки ҳайати ҶММ бо раҳбарони Толибон дар Эрон дидору гуфтугӯ доштанд.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди нашр шудани ахбори мулоқоти Толибон бо раҳбарони ҶММА дар тамоми расонаҳо, Алӣ Майсам дидори онҳоро расман рад мекард.

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, ин дидор бо исрори зиёди Эрон ва Толибон сурат гирифт ва Амир Исмоилхон, собиқ волии Ҳирот дар раъси ҳайати Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ ҳузур доштааст.

Дар эъломия омада, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз Толибон хостори ташкили ҳукумати воқеии исломӣ ва ҳамашумул, ки дар натиҷаи иродаи мардуми Афғонисон ба миён омада бошад, шуданд.

“Адолати иҷтимоӣ, навъи низом, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, озодии баён, ҳуқуқ ва нақши воқеии бонувон, интихобот ва ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми Афғонистон тавассути худашон, аз ҷумлаи аҳдоф ва мавзуоте буд, ки дар он нишаст аз сӯи ҳайати ҶММ ба унвони ҳаққи мардуми Афғонистон ёд гардид.”, омадааст дар эъломия.

Дар идома сухангӯи ҶММ иброз дошта, ки ин музокирот бенатиҷа анҷомид, чун пешниҳодоти онҳоро ҳайати Толибон напазируфтаанд.

Ба гузориши расонаҳо, ҳайати ҶММ дар баробари пешниҳодоти боло ҳамчунин аз Толибон хостанд, ки ҳафтаи Шаҳид – солгарди террори Аҳмадшоҳ Масъуд дар кишвар ба расмият шинохта шавад.  Ва дар ҳолати ба расмият шинохтани он Аҳмад Масъуд аз муқовимат даст кашида, бо Тлибон дар Аморати исломӣ мушоракат хоҳад кард.

Аммо сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон Амирхон Муттақӣ дар изҳороти ахираш аз натиҷаи ин музокирот гуфт, ки ҳайати Толибон аз сарони ҶММ хоста, ки ба унвони шаҳрвандони оддӣ метавонанд ба кишвар баргарданд ва Аморати исломӣ амнияти онҳоро таъмин хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.