Вазорати корҳои хориҷии Толибон ҳамлаи маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро, ки сабаби кушта шудани се шаҳрванди Чин шуд, маҳкум кард.
Толибон дар баёнияаш ибрози ҳамдардӣ намуда, бе овардани номи ягон гурӯҳе гуфтааст, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.
Ҳамчунин Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон таъкид кардааст, ки ба Тоҷикистон итминон медиҳад, ки барои муайян кардани омилони ин ҳодиса, табодули иттилоъ ва арзёбии муштарак омодаи ҳамкорӣ аст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Покистон низ рӯзи 28-уми ноябри соли ҷорӣ, бо нашри баёнияе ба ҳукумати Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ карда, кушта шудани се шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистонро “ҳамлаи шариронаи террористӣ” ва таҳдиди ҷиддӣ бархоста аз хоки Афғонистон хондааст.
Дар ин баёния ВКХ-и Покистон бо маҳкум намудани ин ҳамла гуфта, ки мардуми ин кишвар дарду ранҷи Чин ва Тоҷикистонро дарк мекунанд, зеро худ “борҳо қурбонии ҳамлаҳои террористӣ созмондиҳишуда аз хоки Афғонистон” шудаанд.
Ҷониби Покистон ҳамчунин истифода аз паҳподҳои ҷангӣ дар ин ҳодисаро, умқи таҳдид ва нишонаи “ҷасорати гурӯҳҳое” номидааст, ки дар дохили Афғонистон фаъолият мекунанду ба иддаояшон таҳти ҳимояти режими Толибон мебошанд.
Вазорати хориҷии ин кишвар таъкид ҳам кардааст, ки хоки Афғонистон набояд ба пойгоҳи фаъолиятҳои террористӣ алайҳи ҳамсоягон ё ҳеч кишвари дигар табдил шавад ва истифодаи батакрори хоки Афғонистонро аз ҷониби ин гурӯҳҳо боиси эҷоди нигаронии ҷиддӣ барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби 26-уми ноябри соли ҷорӣ аз хоки Афғонистон ба қароргоҳи кормандони як ширкати истихроҷи тило бо номи “Шоҳин СМ” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон “бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” ҳамла сурат гирифтааст.
Дар натиҷа се корманди ширкати “Шоҳин СМ”, ки шаҳрвандони Чин будаанд, кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навишта, ки як шаҳрванди дигари Чин дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шуда, дар шифохонаи марказии шаҳри Кӯлоб бистарист ва сафири Чин дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр ба аёдати шаҳрванди кишвараш рафта будааст.
Ҷасади қурбониёни ҳамларо, ки гуфта мешавад аз 30 то 45-сола будаанд ва тири зиёде хӯрдаанд, аз Кӯлоб ба Душанбе бурдаанд, то аз онҷо ба ватанашон интиқол диҳанд.
То ҳол мақомоти Тоҷикистон ва Чин ҷузъити дигаре аз ин ҳамла надодаанд.
Танҳо ВКХ-и Тоҷикистон бо нашри баёнияе, ин ҳамларо қотеона маҳкум намуда, аз “Толибон”-и ҳоким дар Афғонистон хостааст, барои таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад”.
Маълум нест, ин ҳамла аз ҷониби кадом гурӯҳ сурат гирифтааст, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки “бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”.
Бояд гуфт, моҳи ноябри соли 2024 маҳз дар ҳамин минтақа гурӯҳҳои мусаллаҳ дар сарҳад ба шаҳрвандони Чин ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла карда, як шаҳрванди Чинро куштаву панҷ тани дигарро захмӣ карда буданд.
