Доналд Трамп, расиҷумҳури Амрико ду рӯз қабл барои Эрон 48 соат муҳлат дода буд, ки тангаи Ҳурмузро боз кунад ва агар то ин муддат ин гузаргоҳи баҳрӣ боз нашавад, нерӯгоҳҳо ва зерсохторҳои энержияшро ҳадаф қарор хоҳад дод.
Аммо субҳи рӯзи 24-уми март Трамп дар шабакаи иҷтимоии марбути худаш “Truth” эълом кард, ки ҳамлаҳо ба нерӯгоҳҳо ва зерсохторҳои энержии Эронро панҷ рӯз ба қафо гузоштааст. Ӯ мегӯяд: “Амрико ва Эрон давоми ду рӯзи гузашта гуфтугӯҳои “бисёр хубу созанда” дар бораи ҳаллу фасли комили даргириҳо дар Ховари Миёна доштанд.”
Трамп ҳамзамон дар эълони худ таъкид мекунад, ки ба Вазорати ҷанги кишвараш дастур додааст, ҳаргуна ҳамлаҳои низомӣ ба нерӯгоҳҳо ва зерсохторҳҳои энержии Эрон 5 рӯз ба қафо гузошта шавад.
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин афзуда, ки “гуфтушунидҳо бо Эрон давоми ҳафтаи ҷорӣ идома хоҳад кард.” Вале баъд аз панҷ рӯз оё зерсохторҳои энержии Эрон мавриди ҳамла қарор мегиранд ё на, Трамп гуфтааст, “ин ба пешрафт ва комёбии гуфтушунидҳо марбут аст.”

Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп дар гуфтугӯе бо расонаи “Fox News” гуфта, ки “Тавофуқ бо Эрон мумкин аст тайи панҷ рӯзи оянда ва ё камтар аз он иттифоқ бияфтад.
Аммо дар посух ба эълони Трамп Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи душанбе хабар дод, ки “Ҳеч гуфтугӯе байни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надоранд.” Ин вазоратхона таъкид карда, ки изҳороти раисҷумҳури Амрико “дар чорчӯби талош барои коҳиш нархи энержӣ” ва “касби замон” барои иҷрои тарҳҳои низомии ӯст.
Вазорати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин мегӯяд: “Ибтикороте аз сӯи кишварҳои минтақа барои коҳиш додани таниш вуҷуд дорад, вале посухи мо ба ҳамаи онҳо возеҳ аст: мо тарафе нестем, ки ин ҷангро оғоз кардааст ва ҳамаи ин дархостҳо бояд аз Амрико пурсида шавад.”
Дар пайи эълони Трамп аз вуҷуди гуфтушунидҳо, нархи нефт дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳишеро мушоҳида кард. Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки ин тасмим метавонад ба поён рафтани нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ то басташавии биржаҳо дар рӯзи ҷумъа таъсир расонад ва ҳамзамон нишонаи омодагӣ ба ҳамлаи густарда ба Эрон дар поёни ҳафта бошад.
Ёдовар мешавем, ки Амрико ва Исроил дар як ҳамлаи муштарк субҳи рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ ба Эрон ҳамла карданд. Ҳадафи ин ҳамла нобуд сохтани барномаи атомӣ, аз байни бурдани барномаи мушакӣ ва дар охир сарнагун кардани низоми Эрон эълон шуда буд. Аммо бо гузашти беш аз се ҳафта ҳанӯз ҳам даргириҳои шадид ва радубадалҳо байни тарафҳои даргир идома дорад.
