Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Қарор аст, собиқ раисҷумҳури ин кишвар рӯзи сешанбеи оянда барои тафҳими иттиҳом ба додгоҳе дар шаҳри Майамии штати Флоридаи Амрико ҳозир шавад.

Доналд Трамп ба расонаҳо муттаҳам шуданашро тасдиқ карда, гуфтааст: “Ҳукумати фосиди Байден ба вакилони дифои ман хабар дода, ки дар иртибот бо сандуқҳои асноди маҳрамона расман муттаҳам шудаам.“

Дар давоми чанд моҳи ахир ин бори дувум аст, ки Трамп аз ҷониби Додгоҳи Майами муттаҳам мешавад. Бори аввал ӯ ба хотири пардохти ришва ба як зани бозигари филмҳои порнографӣ барои хомӯш мондан, ба додгоҳ эҳзор шуд. Вале худи ӯ иттиҳомоти мавҷударо рад кард.

Ин парвандаи нав алайҳи Трамп дар ҳоле ташкил мешавад, ки як сол пеш маъмурони интизомии Амрико пас аз бозҷӯии иқоматгоҳи ӯ дар Флорида 13 ҳазор санади давлатӣ пайдо карданд, ки дар байни онҳо 100 санад маҳрамона будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.