27.9 C
Dushanbe

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Қарор аст, собиқ раисҷумҳури ин кишвар рӯзи сешанбеи оянда барои тафҳими иттиҳом ба додгоҳе дар шаҳри Майамии штати Флоридаи Амрико ҳозир шавад.

Доналд Трамп ба расонаҳо муттаҳам шуданашро тасдиқ карда, гуфтааст: “Ҳукумати фосиди Байден ба вакилони дифои ман хабар дода, ки дар иртибот бо сандуқҳои асноди маҳрамона расман муттаҳам шудаам.

Дар давоми чанд моҳи ахир ин бори дувум аст, ки Трамп аз ҷониби Додгоҳи Майами муттаҳам мешавад. Бори аввал ӯ ба хотири пардохти ришва ба як зани бозигари филмҳои порнографӣ барои хомӯш мондан, ба додгоҳ эҳзор шуд. Вале худи ӯ иттиҳомоти мавҷударо рад кард.

Ин парвандаи нав алайҳи Трамп дар ҳоле ташкил мешавад, ки як сол пеш маъмурони интизомии Амрико пас аз бозҷӯии иқоматгоҳи ӯ дар Флорида 13 ҳазор санади давлатӣ пайдо карданд, ки дар байни онҳо 100 санад маҳрамона будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...