Акс: ИнтернетАгентӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар назди дастгоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Туркия (ТИКА) то охири соли 2020 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори ғурфаҳои муосири намоишгоҳиро, ки аз 1100 метри мураббаъ иборат аст, сохта тақдим менамояд.
Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” Иброҳим Эрбир ҳамоҳангсози ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ба имзорасонии Протокол дар бораи таъмини ғурфа ва таҷҳизот барои намоишгоҳ ба Тоҷикистон, гуфтааст, дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Туркия нақши муассир хоҳад гузошт.
Гуфта мешавад, дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тақрибан 500 метри мураббаъ ғурфаи намоишӣ мавҷуд будаааст, қисми зиёди онҳо корношояму фарсуда гаштааст.