35.9 C
Dushanbe

Туркия дар Тоҷикстон ғурфаҳои намоишгоҳӣ месозад

Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар назди дастгоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Туркия (ТИКА) то охири соли 2020 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори ғурфаҳои муосири намоишгоҳиро, ки аз 1100 метри мураббаъ иборат аст, сохта тақдим менамояд.

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” Иброҳим Эрбир ҳамоҳангсози ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ба имзорасонии Протокол дар бораи таъмини ғурфа ва таҷҳизот барои намоишгоҳ ба Тоҷикистон, гуфтааст, дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Туркия нақши муассир хоҳад гузошт.

Гуфта мешавад, дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тақрибан 500 метри мураббаъ ғурфаи намоишӣ мавҷуд будаааст, қисми зиёди онҳо корношояму фарсуда гаштааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дафтари барномаи ТИКА дар Душанбе соли 1995 ба фаъолият оғоз  намуда, тақрибан 400 лоиҳаи рушд ва ҳамкории техникиро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, обтаъминкунӣ, таълими касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ татбиқ намудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд.