26.9 C
Dushanbe

Болоравии қурби рублу уфти доллар дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон уфти қурби доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ идома дошта, вале қурби рубли русӣ боло меравад.

23-юми июни соли 2022, Бонки миллии Тоҷикистон арзиши доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ-сомониро поин бурда, 1 долларро баробар ба 10,58 сомонӣ таъйин кард.

Дар ҳоле, ки арзиши 1 доллари амрикоӣ як рӯз пеш баробар ба 10,60 сомонӣ ва ҳафтаи пеш он 11,01 арзиш дошт, Бонки миллӣ қурби евроро низ дар як рӯз тағйир дода, аз 11,18 сомонӣ барои 1 евро то 11,17 поин фаровард.

Бо ин вуҷуд, дар чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ боло рафта, айни замон расман арзиши ҳазор рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 177,5 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон хариди 1000 рубли русиро 140-177,5 сомонӣ эълон карда, ба қимати 179-185 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.

Ҳамзамон дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикикистон ба фарқ аз қурби муайянкардаи БМТ 100 доллари амрикоиро бо арзиши 900-970 сомонӣ харида, онро ба қимати 985-1059 сомонӣ мефурӯшанд. Инчунин гуфта мешавад, ки дар “бозори сиёҳ” низ барои 100 доллар 1 ҳазор сомонӣ пешниҳод карда, бо арзиши 1030 ё 1040 сомонӣ онро мефурӯшанд.

Бонки миллии Тоҷикистон, ки таъйинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, то ҳол дар бораи омилҳои уфти доллар дар баробари сомонӣ изҳори назар накардааст.

Бо вуҷуди пойин рафтани қурби доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ нархи озуқаворӣ дар Тоҷикистон боло рафта, нигаронии сокинони кишварро ба бор овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мақомоти Русия шаҳрвандони тоҷикро бо ваъдаи пул ба ҷанг даъват мекунанд

Муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия мегӯянд, мақомоти ин кишвар бо роҳҳои гуногун барои онҳо даъватнома фиристода, бо ваъдаҳои зиёди пулӣ онҳоро барои ҷанг ба Украина ҷалб мекунанд.

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.