5.9 C
Dushanbe

Ҳукмҳои сангини чеҳраҳои шинохта ва як модари тоҷик

Додгоҳи олии Тоҷикистон 8 нафар аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар бо шумули як модари соҳиби ду фарзанди хурдсолро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Мурофиаи ахири додгоҳии онҳо 5-уми феврали соли ҷорӣ пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки пайвандону рӯзноманигорон баргузор гардид.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ ҳукмҳо чунинанд:

  • Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
  • Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
  • Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол зиндон ва қисман мусодираи амвол;
  • Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони варзида ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол зиндон;
  • Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 18 сол зиндон;
  • Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;
  • Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;
  • Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати ВКХ – 17 сол зиндон;
  • Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол зиндон.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар умум ин афродро ба кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, қаллобӣ ва хиёнат ба давлат гунаҳкор кардааст.

Назари чеҳраҳои шинохта, наздикон ва вакилони мудофеашон дар мавриди ҳукмҳои сангин то ҳол дастрас нест. Аммо дар мурофиаҳои гузашта, ки додситон аз додрас ва муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода барояшон аз 17 то 30 соли зиндонро талаб карда буд, онҳо худро бегуноҳ хонда, гуфта буданд, ки муфаттишон барои қабули иттиҳомот болояшон фишор овардаанд ва аз додгоҳ талаб карда буданд, ки озодашон кунад.

Гуфта мешавад, боздошти ин чеҳраҳои шинохта пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон аз 12-уми июни соли 2024 оғоз ёфт. Собиқ додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ҳангоми дархости бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯ аз парлумон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва чанд нафари дигар ҳам кушода шудааст. Инчунин Юсуф Раҳмон дар моҳи августи соли гузашта гуфта буд, ки “боздоштшудаҳо зиёданд”, аммо то ҳол номи нуҳ нафари онҳо дастраси расонаҳо шудааст.

Дар миёни гумонбарони парвандаи пурсару садои “табаддулот” ягона зан Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов мебошад, ки додситонӣ нисбати ӯ бо моддаи “хиёнат ба давлат” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

То ҳол маълум нест, мақомот чаро ин рӯзноманигорро бо ин иттиҳомоти сангин кунаҳкор кардаанд, аммо як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дода, гуфтааст, ки “баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд”.

Рухшона Ҳакимова то эълони ҳукм бо сабаби фарзанди хурдсол ва ширхора доштан дар озодӣ қарор дошт, аммо асноду мадорикашро мақомот гирифта буду ҳаққи тарки ҷойи зист ва суҳбат бо расонаҳоро надошт.

Гуфта мешавад, ин модар ва рӯзномагори тоҷикро пас аз эълони ҳукм аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифтанд ва додрас нигоҳубини фарзандонашро, ки яке дувунимсола ва хурдиаш ҳамагӣ даҳмоҳ дораду ширхора аст, ба уҳдаи наздиконаш вогузоштааст.

Пас аз эълони ин хабар мухолифон ва созмонҳои ҳуқуқӣ ҳукми Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодии беқайду шарти ӯро талаб кардаанд.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон талаби мухолифонашу созмонҳои ҳуқуқиро ҳамеша нодида гирифта, сол ба сол ҳабсу фишор болои дигарандешонро бештар мекунад. Ҳоло дар зиндонҳои режими Раҳмонов садҳо фаъол, рӯзномагор, ҳомии ҳуқуқ, мухолифу дигарандеш бо иттиҳомоти сохта қарор доранду адои ҳукм мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон намехоҳад САҲА раванди интихоботро назорат кунад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба содиқона будани назорати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бар раванди интихоботи парлумонии соли 2025 бовар надоранд.

Боздошти боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24 "Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) бори дувум аст, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Туркия боздошт мешавад.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар 88-солагӣ даргузашт

Пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон, шоҳзода Карим Оқохони IV дар умри 88-солагӣ дар шаҳри Лиссабон, пойтахти Партугалия даргузашт.

Нигарониҳо аз паҳншавии маводи мухаддир дар байни ҷавонони тоҷик

Дар байни ҷавонони кишвар истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддири "Амфетамин" афзоиш ёфтааст.