35.9 C
Dushanbe

Ҳукми омилони “ҳамлаи Ишқобод” – посгоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноии омилони ҳамла ба посгоҳи Ишқобод дар ноҳияи Рӯдакиро ба итмом расонидааст.

Хабаргузории Sputnik. бо такя ба маркази матбуоти Додгоҳи Олӣ навиштааст, ки “Дар ҳоли ҳозир иттилое, ки метавонем дар ихтиёри ҷомиа гузорем ҳамин аст: парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳукми Судӣ Олӣ қабул шудааст ва эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Нисбати маҳкумшудаҳо муҳлатҳои гуногун ҷазои ҷиноятӣ татбиқ шудааст”.  

Яке аз вакилони дифоъи ин парванда низ ба ин хабаргузорӣ гуфта, ки парванда ниҳоӣ шудааст ва азбаски махфист, тафсилоти он ироа нахоҳад шуд.

Дафтари матбуоти Додгоҳи Олӣ ба  “Азия-Плюс” низ хеле мухтасар дар ин бора сӯҳбат карда гуфтааст ки “Онҳо ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Ин ҳама маълумотест, ки мо ба ВАО пешниҳод карда метавонем”. 

Дар маркази матбуот доир ба шумори дақиқи маҳкумшудагон ва дигар ҷузъиёти ҳукм маълумот надода, изҳор доштанд, ки тафсилоти дигар надоранд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён хабар дода буд, ки аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” Суди олӣ парвандаҳои ҷиноятиро нисбати 9 нафар баррасӣ дорад. Тибқи иттилои расмӣ, ки дар рӯзи ҳодиса расонаӣ шуд, шаби 6 ноябри соли гузашта як гурӯҳи ниқобпӯши 20 — нафара ба дидбонгоҳи “Ишқобод” мустақар дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла карда, бо нерӯҳои марзбонии тоҷик даргир шуданд.Он замон расман эълон шуд, ки дар ин даргирӣ ду тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд. Баъдтар мақомот аз боздошти 5 муҳоҷим хабар доданд, ки мустақим дар ҳамлаи террористӣ ширкат доштанд.

Охирин тафсилоти расмии ин ҳамларо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллии кишвар ба миён гузошт. 29 март нашрияи расмии “Садои мардум” гузориши Прокурори генералии Тоҷикистонро ба нашр расонд, ки бино ба он, дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 – и “Ишқобод” 26 нафар кушта ва 22 нафар ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар он ҳабс шудаанд. “Дар натиҷаи он 26 нафар, аз ҷумла мардон — 9, занон — 8 нафар, ноболиғон —4 нафар, хизматчиёни ҳарбӣ — 5 нафар ва 1 корманди милиса куштаву 2 нафари дигар захмӣ гардиданд”;, — навишт нашрияи “Садои мардум”. Бино ба ин гузориш, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 22 нафар такмил ва ба суд ирсол шудааст. Масъулияти ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи “Ишқобод” – ро гуруҳи террористии “ДОИШ”  бо интишори баёнияе дар сомонаи “Аъмоқ” ки гуфта мешавад, марбути ин гуруҳ аст, пас аз се рӯзи ҳодиса ба дӯш гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ 26 декабр зимни паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-ро кори дасти аъзои созмони террористии ба ном “ДОИШ” хонда, онро талоши барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар кишвар арзёбӣ кард.

Вале ҳодисаи ҳамла ба ин посгоҳ ва ба гардан гирифтани он аз тарафи ДОИШ аз ҳамон лаҳазоти аввал дар миёни маҳофили коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ мавридди нобоварӣ ва шакку гумонҳо қарор гирифта буд.Зеро ҳеҷ гурӯҳи террористӣ барои анҷоми амалҳои террорист зану кӯдакҳои худро ба ҳамроҳ намеовард  ва низ бо пойҳои босоножки ва бидуни силоҳ ба як дидбонгоҳи низомӣ ҳуҷум намекард. Аз тарафи дигар дар соати аввали ин ҳамла дар сомонаи вазорати дохилӣ аксу тасовире мунташир шуд,ки ҳамлаварони кушташуда дастҳояшон бо завлонаҳо ва дар пушт баста шуда буд. Аммо баъди аввалин вокуниш вазорат ин аксҳоро аз сомонааш ҳазф кард. Иллати пушти дарҳои баста ва махфӣ доир кардани мурофиаро низ коршиносон ба он рабт медиҳанд,ки инҷо кадом амали террористӣ набуд,балки “разборка”миёни гурӯҳҳое буд, ки бо роҳбарияти кишвар иртиботи мустақим доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд.