25.9 C
Dushanbe

Ҳукми зиндони чеҳраҳои шинохта бетағйир монд

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми рӯзноманигор ва модари ду кӯдаки хурдсол, Рухшона Ҳакимова ва ҳашт чеҳраи шинохтаи кишварро, ки барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гашта буданд, бетағйир гузошт.

Рӯзҳои 1 ва 2-уми апрел шикояти кассатсионии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон Саидҷаъфар Усмонзода ва муовини ӯ Аҳмадшоҳ Комилзода, инчунин собиқ раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров, ҳуқуқдони варзида ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов, сарҳанони бознишастаи амният Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев ва сардори пешини як раёсати ВКХ Абдулфайз Атоӣ, ки аз 8 то 27 сол ҳукми зиндон гирифта буданд, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе паси дарҳои баста баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар умум ин афродро ба кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, қаллобӣ ва хиёнат ба давлат гунаҳкор карда буд.

Дар мурофиаҳои додгоҳии ахир назари ҳамаи гумонбарон шунида шудааст, ки онҳо ба бегуноҳии худ таъкид кардаанд. Аз ҷумла, Шокирҷон Ҳакимов, ки худаш ҳуқуқдон аст, наздик ба ду соат суханронӣ карда, нукта ба нуктаи ҳукми додгоҳи аввалро бар асоси қонунгузории Тоҷикистон бепоя хонда, ба бегуноҳии худ пойфишорӣ кардааст.

Додрасҳо ду рӯз назари чеҳраҳои шинохтаро гӯш карда, дар зарфи 10-15 дақиқа тасмими худро эълон намуданд, яъне ҳукми додгоҳро бетағйир гузоштаанд.

Пайвандони маҳкумшудаҳо пас аз баррасии шикояти кассатсионӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки ҳарчанд интизори озодкуниро надоштанд, вале умед доштанд, ки ягон соле аз ҳукмашон кам карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки боздошти ин чеҳраҳои шинохта пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон аз 12-уми июни соли 2024 оғоз ёфт. Собиқ додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ҳангоми дархости бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯ аз парлумон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва чанд нафари дигар ҳам кушода шудааст.

Пас аз боздошт ва эълони ҳукми чеҳраҳои шинохта мухолифон ва созмонҳои ҳуқуқӣ ҳукми зиндони ин афродро маҳкум карда, озодии беқайду шарти онҳоро талаб кардаанд.

Аммо Ҳукумати Тоҷикистон талаби мухолифонашу созмонҳои ҳуқуқиро ҳамеша нодида гирифта, сол ба сол ҳабсу фишор болои дигарандешонро бештар мекунад. Ҳоло дар зиндонҳои режими Раҳмонов садҳо фаъол, рӯзномагор, ҳомии ҳуқуқ, мухолифу дигарандеш бо иттиҳомоти сохта қарор доранду адои ҳукм мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон дар марзи бо Тоҷикистон симхор мекашад

Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки корҳои муҳандисӣ дар марзи Тоқикистон-Қирғизистон дар вилояти Бодканд оғоз шудааст.

Тоҷикистониён дигар наметавонанд “визаи электронӣ”-и Арабистонро бигиранд

Ахиран Арабистони Саудӣ Тоҷикистон ва Узбекистонро аз феҳристи кишварҳои дорои шароити барномаи визаи сайёҳии электронии "eVisa" ҳазф кард.

Тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия бо қабули фармони нав муҳлати қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандӣ дар ин кишварро то 10-уми сентябри соли 2025 тамдид кард.

Дар чанд кишвари Аврупо барқ якбора қатъ шуд, сабаб чист?

Рӯзи 28-уми апрели соли ҷорӣ миллионҳо нафар дар Испания, Португалия, Андорра ва қисмате аз Фаронса бе нерӯи барқ монданд.