25.9 C
Dushanbe

Ҳукми зиндони Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев дар Русия

Додгоҳи Басмании шаҳри Маскав мухолифони тоҷик, Муҳаммадиқбол Садрддинов ва Шарофиддин Гадоевро дар ғайбашон ба зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои расонаи русии “Mediazona”, мурофиаи додгоҳи ин мухолифони тоҷик дар охирҳои моҳи май баргузор шуда, нисбаташон бо бандҳои “б” ва “г”-и қисми 2 моддаи 207.3 Кодекси ҷиноии Русия, яъне “паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия” парванда боз шудааст.

Сабаби боз шудани парванда нисбати Гадоев ва Садриддинов маълум нест, аммо ҳарду мухолифи режими Раҳмонов дар Русия дар пайгард қарор доранд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” буда, дар Фаронса зиндагӣ мекунад. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати ӯ бо иттҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парванда боз карда, аз мақомоти Фаронса истирдоди ин мухолифро ба Душанбе талаб карда буд. Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин иттиҳомро “беасос” хонда, онро интиқоми мақомоти тоҷик барои фаъолиятҳои сиёсиаш медонад.

Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки дар бораи қазияи Украина, таҳлили ҷанг ё пешрафти артиши Украина зиёд суҳбат накардааст ва дар боз шудани парванда нисбаташ дар Русия мақомоти Тоҷикистон талош кардаанд ва мехоҳанд муҳоҷирони тоҷики дар Русия буда дигар бо ӯ ҳамкорӣ накунанд.

Мудири пойгоҳи “Ислоҳ” мегӯяд, ки қарори Додгоҳи Басманний ба фаъолияти ӯ таъсире надхоҳад расонд ва ба даъватҳояш барои нафиристодани тоҷикон ба ҷанги Украина идома хоҳад дод.

Аммо Шарофиддин Гадоев раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, аз қасди мақомоти Русия барои боз кардани парванда бар зиддаш ҳанӯз моҳи августи соли 2023 хабар ёфта буд. Он замон кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) ҳамроҳ бо корманди шуъбаи маҳаллии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба манзили Шарофиддин Гадоев дар ноҳияи Фархор рафта, модарашро дар бораи ӯ бозҷӯӣ кардаанд.

Гадоев мегӯяд, ки боз шудани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ дар Русия ба сафараш ба Украина дар моҳи ноябри соли 2022 ва мавқеъгирии сиёсиаш нисбат ба таҷовузи Русия ба хоки Украина рабт дорад.

“Мо ҳамеша таҷовуз ва қатлу кушторҳое, ки Русия дар қаламрави Украина анҷом медиҳад, маҳкум мекунем ва аз мардум, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардаем ва мекунем, ки ҳеҷгоҳ бо артиши Русия қарордод набанданд ва шарики ҷиноятҳои зиддибашарӣ нагарданд” – гуфт Гадоев.

Ёдовар мешавем, Шарофиддин Гадоев, ки паноҳандагии Ҳолландро дорад, дар соли 2019 вақти сафар ба Маскав рабуда ва иҷборан ба Душанбе фиристода шуда буд. Ӯ тавонист бо пуштибонии Вазорати хориҷии Ҳолланд ва Вазорати хориҷии Олмон ба Аврупо баргардонида шавад. Баъд аз баргашташ Гадоев ба расонаҳо гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву маҷбур карда буданд, ки дар наворҳои таблиғотии Ҳукумат гап занад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон дар марзи бо Тоҷикистон симхор мекашад

Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки корҳои муҳандисӣ дар марзи Тоқикистон-Қирғизистон дар вилояти Бодканд оғоз шудааст.

Тоҷикистониён дигар наметавонанд “визаи электронӣ”-и Арабистонро бигиранд

Ахиран Арабистони Саудӣ Тоҷикистон ва Узбекистонро аз феҳристи кишварҳои дорои шароити барномаи визаи сайёҳии электронии "eVisa" ҳазф кард.

Тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия бо қабули фармони нав муҳлати қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандӣ дар ин кишварро то 10-уми сентябри соли 2025 тамдид кард.

Дар чанд кишвари Аврупо барқ якбора қатъ шуд, сабаб чист?

Рӯзи 28-уми апрели соли ҷорӣ миллионҳо нафар дар Испания, Португалия, Андорра ва қисмате аз Фаронса бе нерӯи барқ монданд.