7.9 C
Dushanbe

Ҳукуматдорӣ мардумозорист? Раисони ноҳияҳо аз мардум 500 кило бодому писта талаб доранд.

Дар Тоҷикистон раисони чанд ноҳия аз ҳар ҷамоат бо баҳонаи иштирок дар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон то 500 кило бодому писта ва ё маблағи онро талаб доранд.

Як раиси маҳалла, ки нахост номаш зикр шавад, 16-уми августи соли ҷорӣ дар тамос бо Azda tv гуфт, ки раисони шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва дигар навоҳии тобеи марказ аз ҳар ҷамоати деҳот маблағҳои зиёдеро талаб доранд. Раисони ҷамоатҳо ин масъулиятро ба дӯши расиони маҳаллаҳо вогузор кардаанд ва мардум аз расиони маҳаллаҳо гурезон шудааст.

Раиси ҷамоат ба мо дастур дод, ки рӯзҳои наздик дар Қазоқистон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон баргузор мешавад ва бояд аз марудм маҳсулоти кишоварзӣ нею пул ҷамъ кунем. Ба раис гуфтам, ки дар ин вақту замон барои ҳар коре аз мардум пул ҷамъоварӣ кардан нафрати онҳоро нисбати ҳукуматдорон зиёд мекунад. Ҳоло мардум маро мебинад, мегурезад. Аммо раиси ҷамоат мегӯяд, ба дӯши ноҳияи мо пайдо кардани 500 кило писта гузоштаанд, агар инро пайдо накунем, ҳар ҷамоат маҷбур аст 18-20 ҳазор долларӣ ҷамоварӣ кунад. Ин маблағро мо бояд дар давоми 3-4 рӯз ёфта, бурда супориданамон даркор, чорае надорем.“, мегӯяд мусоҳиби мо.

Ин раиси маҳлла мегӯяд, раиси шаҳр аз ҳар ҷамоат талаби махсус кардааст, баъзеро писта, баъзе ҷамоатҳоро ангур ва баъзе дигарро то 10 тонна меваи хушк талаб кардааст. Аммо раисони ҷамоатҳо мегӯянд, агар ин миқдор маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ нашавад, бояд маблағашро аз мардум ҷамъоварӣ кунанд.

Қарор аст аз 26-ум то 28-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон бо ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шавад. Аммо мақомоти Тоҷикистон барои доир кардани ин чорабинӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз мардум маблағи маҳсулоти кишоварзиро талаб доранд.

Рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ сомонаи “Ислоҳ ТВ” бо нашри матлабе хабар дода буд, ки раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб дорад, барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳангӣ дар кишвари ҳамсоя бояд то 300 ҳазор долларӣ бурда бидиҳанд.

Дар матлаби “Ислоҳ”, ки гуфта мешавад, як корманди ҳукумат онро фиристодааст, бештар аз рафтори номуносиби раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода дар бораи маҷбур сохтани мардум ва пул ҷамъоварӣ кардан аз онҳо шикоят шудааст.

Ҳазамон пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ бо нашри чунин матлабе аз манобеи худ иттилоъ дода буд, ки раисони ҷамоатҳо бо арзи шикоят гуфтаанд, раиси ноҳияи Рашт “ҷони онҳоро ба лаб расондааст.”

Раисони ҷамоатҳои ноҳияи Рашт ба “Бомдод” гуфтаанд, ки раиси ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ онҳоро маҷбур дорад, то “барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Шимкент бояд ба миқдори 15 тонна картошка, 20 тона мева, 10 тона асал, даҳҳо намунаи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кати калон ба андозаи 3х4 метр, 100 дона тоқии гулдӯзӣ, ки нархи ҳар кадомаш аз 200 сомонӣ кам нест,  ҷамъоварӣ кунанд. Арзиши умумии маҳсулоте, ки аз онҳо талаб карда мешавад, ба гуфтаи раисони норозии ҷамоатҳои ноҳияи Рашт, камаш 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода 19 июни соли ҷорӣ бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон Асхат Оралов вохӯрӣ анҷом дода, ба хотири нишон додани муносибатҳои неку дипломатӣ аз ӯ хост, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ин кишвар доир шавад. Ва пеш аз ин ҳам вазири фарҳанги кишвар, Зулфия Давлатзода бо мақомоти Қазоқистон гузаронидани ин чорабиниро ба миён гузошта буд.

Аммо аксар корбарон мепурсанд, ки мақомоти Тоҷикистон барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳангии худ дар кишвари дигар наметавонад аз ҳисоби худаш масраф кунад, чӣ лозим аст ин қадар мардумро озору азият карданд?

Раисони ҷамоату маҳаллаҳо шикоят доранд, ки тақрибан ду ҳафта мешавад раисони шаҳру ноҳияи кишвар аз вилояти Суғду Хатлон шуруъ карда, то ноҳияҳои марказ ба қавле “ҷони мардумро ба лаб овардаанд.” Ҳукумат куҷоро назорат мекунад? Оё ҳукуматдорӣ мардумозорист?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.