4.9 C
Dushanbe

Ҳукумати Тоҷикистон зидди Толибон?

Мақомоти Русия мегӯяд, Тоҷикистон дар барқарор шудани кори гурӯҳи Созмони ҳамкории Шанхай-Афғонистон розӣ нест, аммо намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон чизи дигар мегӯяд.

Директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов ба расоҳои русӣ гуфтааст, ки Маскав ва аксари ширкаткунандагони нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲШ аз барқарории кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон ҷонибдорӣ кардаанд, ба ҷуз Тоҷикистон.

Дар ин нишаст, ки рӯзҳои 20-21-уми май дар шаҳри Остона баргузор шуда буд, ҷониби Тоҷикистон дар барқарории кори СҲШ-Афғонистон “шубҳаҳои муайян” доштааст ва Кобулов изҳори умедворӣ кардааст, ки Душанбе дар ояндаи наздик дар ин масъала мавқеи худро нарм хоҳад кард.

Аммо ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар умури СҲШ Аҳмад Саидмуродзод ба “Asia-Plus” гуфтааст, ки Кобулов мавқеи Тоҷикистонро нодуруст изҳор карда, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ зидди барқарор шудани ин механизм изҳори назар накардааст.

Инчунин Саидмуродзода илова кардааст, ки дар доираи ин созмон Тоҷикистон ҳамеша болои баррасии мушкилоти Афғонистон гуфтааст ва дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Остона, Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар ин марҳила коршиносон баррасии масъалаи Афғонистонро дар доираи давлатҳои узви ин созмон оғоз кунанд.

Саидмуродзода мегӯяд, ки ҷаласаҳои мақомот ва механизмҳои ҳамкории СҲШ хусусияти махфӣ доранд, вале Кобулов бо нақзи қоидаҳои тартиботии СҲШ мазмуни ҷаласаро ба фазои иттилоотӣ баровардааст ва аз ин рӯ, дар Душанбе ба чунин изҳороти дипломати рус эътибор намедиҳанд.

Бояд гуфт, то сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон дар соли 2021, ин кишвар ҳамчун нозир ба таври пурра дар кори СҲШ ширкат ва роҳбарони пешини он дар нишастҳои ин созмон иштирок мекарданд.

Инчунин як сол пеш раҳбарияти Толибон гуфта буданд, ки намояндагони онҳо барои иштирок дар нишастҳои СҲШ ҳаққи қонунӣ доранд ва ҳузур надоштанашон дар ҷаласаҳои СҲШ “барои ҳамоҳангсозии ҳамаҷонибаи амалҳо дар муқобили хатарҳои соҳаи амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ” монеа эҷод мекунад.

Ҳаракати Толибони Афғонистон тибқи қарори додгоҳи олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар як созмони террористӣ шинохта шуда, ҳама гуна ҳамкории шаҳрвандони Тоҷикистон ва тарғиби мафкураи идеологии онҳо дар байни тоҷикистониҳо ҷурм шинохта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дигар ҳамсоякишварҳо мавқеъгирии зиддитолибонӣ дорад.

Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ, раиси парлумони Тоҷикистон ва писари раисҷумҳур дар нишасти Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД, ки 3-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон (кишваре, ки Толибонро аз рӯйхати ҳаракатҳои терористӣ берун кард) баргузор шуд, гуфт, ки Афғонистон бо раҳбарии Толибон дубора ба “маркази терроризм” мубаддал шудааст ва мадрасаҳои динӣ дар ин кишвар “ҷиҳодгарони интиҳорӣ”-ро омӯзиш медиҳанду дар Афғонистон ҳеч пешрафти воқеие дида намешавад.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама интиқод аз Толибон, ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳҳои мухталиф бо онҳо ҳамкорӣ мекунад ва солона миллионҳо киловатсоат нерӯи барқ ҳам ба онҳо мефурӯшад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қарзи навбатӣ барои сохтмони Роғун

Дар пасманзари ҷорӣ шудани лимити барқ дар Тоҷикистон, ҳукумат миллионҳо доллар қарз ва гранти созмонҳои хориҷиро барои сохтмони НБО "Роғун" ҷалб мекунад.

Афзоиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 49 ҳазор шаҳрванди кишвар худро расман дар рӯйхати бекорон сабти ном кардаанд.

Писари муфтии Тоҷикистон мухолифи сиёсати Эмомалӣ Раҳмон?

Абдухолиқ Абдуқодир, писари раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи ахири худ мардони Тоҷикистонро ба масъулиятпазирӣ даъват кард.

Гарон шудани нархи маҳсулоти чинӣ дар Тоҷикистон

Бархе муштариён аз он шикоят доранд, ки тайи чанд ҳафтаи ахир нархи чанде аз маҳсулоти чинӣ дар бозорҳои Тоҷикистон гаронтар шудааст.