6.9 C
Dushanbe

Вазъ дар марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон мураккаб шудааст

Акс аз: nm.tj

Вазъияти амнӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мураккаб гаштааст. Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Шӯрои амниятӣ ва роҳбарони сохторҳои низомии кишвар дастур додааст, ки барои таъмини амният дар марз қувваҳои муҳофизатиро тақвият бахшанд. Дар ин бора рӯзи 21 июл Дафтари матбуоти Раиси Ҷумҳурӣ дар сомонаи худ хабар дод.

Рӯзи 21 июл ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон доир гашт. Дар ин нишасти Шӯро масъалаи мураккаб гаштани вазъ дар марз байни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи ҷануби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳсу баррасӣ шудааст.

Раисҷумҳур зимни ин нишаст дастур додааст, ки дар баробари шиддат бахшидани қувваҳо, инчунин масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар марзи давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус бидиҳанд.

Таҳлилгарони сиёсӣ масъалаи амният дар марз байни Тоҷикистону Афғонистонро ба вуҷуди Гурӯҳи Доиш дар Афғонистон ва қочоқҳои марзӣ рабт дода мегӯянд, ки ин масъалаҳо метавонад вазъиятро ҳар вақт дар марз мураккаб бисозанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро мебояд, ки дар ин вазъияти ҳассос қувваҳои муҳофизатии худро тақвият бахшад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.