19.9 C
Dushanbe

Ҷумҳурии Қазоқистон тақрибан ба 2 млн шаҳрвандаш кумакпулӣ додааст

Акс аз today.kg

Мақомоти Қазоқистон рӯзи 28 июли соли ҷорӣ хабар доданд, ки ба 1,8 млн шаҳрванди ин кишвар кумакпулӣ дар ҳаҷми 100 долларӣ пардохтааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба изҳороти вазортаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон менависад: “То рӯзи 28 июл аз бештар аз 2,8 миллион шаҳрванд дар бораи дарёфти кӯмакпулӣ дархост ворид шудааст. Ба бештар аз 1,8 миллион қазоқистонӣ кӯмакпулиҳо пардохт шуданд”.

Дар ин изҳорот гуфта шудааст, ки Ҳукумати Қазоқистон кӯмакпулиҳои якдафъаинаро дар моҳи июл ба касоне пардохт мекунад, ки дар натиҷаи ҷорӣ гардидани карантини такрорӣ аз ҷои кор ва маош маҳрум шудаанд.

Карантине, ки дар Қазоқистон 5 июл эълом шуд, нахуст барои 14 рӯз мадди назар буд. Мақомоти он кишвар баъдтар онро то2 август тамдид карданд ва ҳамзамон эълом карданд, ки ба бархе аз шаҳрвандон кӯмакпулии давлатӣ пардохт хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон чанде пеш хабар дода буд ба сабаби интишори каронавирус ба чанд гурӯҳ аз шаҳрвандони кишвар кумаки яквақта медиҳад. Гуфта мешавад ин кумаки яквақта ба аҳолӣ ба миқдорӣ 400 сомонӣ хоҳад буд. Гурӯҳи аҳолие, ки аз ин кумаки 400 сомонӣ бархурдор мешаванд, гурӯҳи осоебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ин гурӯҳ аз нафақахӯрон, маъюбон, ятимон, камбизоатон ва ғайра иборат буда, дар маҷмӯъ шуморашон ба 488 ҳазор нафар мерасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аврупо барои бозгардондани муҳоҷирони афғон бо Толибон гуфтушунид мекунад?

Иттиҳоди Аврупо талош дорад бо ҳукумати Толибон барои ихроҷи муҳоҷирони афғон ба Афғонистон музокирот кунад.

Яккатозии Jura-таксӣ дар Хуҷанд: Нархҳои гарон ва инҳисори шадид

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз гарон шудани нархи роҳкиро дар таксиҳои ширкати "Jura" шикоят мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҳар рӯз ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд

Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар рӯз тақрибан ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд.

Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари бидуни раводидро роҳандозӣ карданд

Аз 11-уми майи соли 2026 байни Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари дуҷонибаи бидуни раводид расман мавриди амал қарор гирифт.