1.9 C
Dushanbe

Дар зери бори саллаҳо ва дар домани ҷелакҳо

Ҳафиз Бобоёров. Акс аз саҳифаи фейсбуки муаллиф

Бознашр аз саҳифаи Ҳафиз Бобоёров

Муаллиф: Ҳафиз Бобоёров

Мирбобо Мирраҳими муҳтарам!

Шумо чандин бор шуд номи маро беҷо ва таҳқиромез дар матлабҳоятон истифода мебаред. Албатта, медонам бо ин кор барои мақолае (“Фалсафаи тоҷик чун нигоҳе дар ойинаи шикаста”), ки дар мавриди андешаҳои шумо навишта будам, ниқор мегиред. Ҷое маро маҳалгаро ҳам гуфтаед, аммо барои чунин иттиҳом далеле надоред. Шояд кадоме аз ҳамкорону дӯстони собиқам дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ба шумо ин иттилои беасосро дода бошад, вале ба шумо намезебад, ки бе санҷиш ба он бовар кунед. Агар ҳимояти маро аз ҳифзи забонҳои яғнобӣ ва помирӣ чун маҳалгароӣ қаламдод кунед, пас, мутмаин бошед, ки аз ин мавқеам ҳеч гоҳ даст намекашам. Забони яғнобӣ (шеваи суғдии нав) шояд ягона сарвати маънавие бошад, ки гӯяндагони он, ки на бештар аз даҳ ҳазор нафаранд, то ҳанӯз нигоҳ доштаанд. Қарзи на фақат гӯяндагони ин забони эронии шарқӣ, балки ҳар як тоҷики миллатдӯст аст, ки дар ҳимоя ва интиқоли он ба насли оянда саҳм гузоранд.

Новобаста ба ин ҳама, бисёр шодам, ки мақолаи ман шуморо таҳрик дод, то ба шинохти худ аз баъзе пешвоёни исломи сиёсии тоҷик таҷдиди назар кунед. Вагарна кӣ медонист Нурӣ барои китобе, ки шумо болои он 2 сол заҳмат кашидаед, 2 миллион доллар туҳфа аз режими охундии Эрон гирифтааст. Ва боз як ҷиҳати шахсияти пешвои исломиҳои тоҷик низ кашф гардид, ки ҳаққи заҳмати шуморо надода будааст. Ин ҳодиса бори дигар сарафгандагӣ ва пешипоуфтодагии зиёиёни тоҷикро дар муқобили ҳукуматдорону наҳзатиён (исломиёни сиёсӣ) тасдиқ мекунад. Бисёр хуб аст, ки он мақолаи ман шуморо таҳрик дод ин ҳама розҳоро баъди даҳсолаҳо хомӯшӣ ошкор кунед.

Воқеан, бисёре аз зиёиён ва зиёинамоёни солҳои 90-ум ҳоли шуморо доштаанд. Дидаву дониста ва ё надидаю надониста тамоми дониш, имконият ва робитаҳояшонро барои обруманд, қудратманд ва давлатманд кардани муллоҳои чалласаводи деҳотӣ барҳадар додаанд.

Ҳоло бароятон як мисол меорам, то шояд назари шуморо дар мавриди дигар пешвоёни исломи сиёсии тоҷик низ тағйир диҳад. Соли 2008 мақолае навиштам бо номи “Авлодмеҳварӣ дар Тоҷикистон” ва онро дар чанд шумораи рӯзномаи “Зиндагӣ” нашр кардам. Вокунишҳои шадиде дар ҷомеа дод ва дар сатҳи боло ҳам тахмин мезаданд кирову чиро дар назар дорам. Шояд ҳамин боис гардид, ки нафароне аз маҳфили “Диалог”-и Наҳзат наздам омаданд ва ба маҳфил даъват карданд. Бо исрори ду ҳамкорам аз Академияи илмҳо рафтем. Дар раёсат Кабирӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Маҳмудҷон Тураҷонзода ва Тоҳири Абдуҷаббор қарор доштанд. Дар толор ҷавонону муридону мухлисони зиёд. Маҳфил дар ошёнаи дуюми биное дар “7-ум километр” баргузор мегардид. Баъд аз суханронии гузоришгар Тураҷонзодаҳо назар доданд. Сипас, Тоҳири Абдуҷаббор бо шиму камзули шояд аз замони намояндаи парлумон буданаш монда аз ҷояш боло ва шуруъ ба суҳбат кард. Ягон дақиқа сухан гуфт. Ҳамин замон, Маҳмудҷон Тураҷонзода, ки дар бар куртаи нафиси шоҳӣ дошт, “Микрофони 6!” гуфта хитоб кард. Ҳама муридон дар толор хандиданд ва муддате кафкӯбӣ карданд, то суханронии Тоҳири Абдуҷабборро халалдор ва қатъ намоянд. Тоҳир ором истод то он даме ки толор хомӯш нашуд. Ин дафъа бо хашми аз чеҳраи хастааш намудор ӯ манфиатҷӯии пешвоёни мухолифонро яке аз сабабҳои шикасти ҳаракати миллӣ-озодихоҳии тоҷик донист. Ин аввалин ва охирин ҳузури ман дар он маҳфил буд.

Бо ин вуҷуд, фикр мекунам мухолифони исломии тоҷик хеле зарангтару ҳушёртар ва ҳадафмандтару барномадортар аз мухолифони дунявӣ ва умуман зиёиёни тоҷике чун Мирбобо Мирраҳим, Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров, Давлат Худоназаров, Шодмон Юсуф, Бозор Собир, Додоҷон Атовуллоев ва дигарон будаанд. Бо шуури деҳотӣ ва мазҳабии худ, онҳо тавонистаанд як муддат ин шахсиятҳоро дар зери бори саллаҳо ва дар домани ҷелакҳои худ гиранд, дар ҳоле ки тӯдаи дигари зиёиён дар хидмати ҳукуматдорони вақт қарор доштаанд. Ба ҷуз он радду бадал дар маҳфили Диалог, аз Тоҳири Абдуҷаббор чизе дигар нашунидем, гарчанде бисёр асрори ногуфтае дошт, ки бояд мегуфт.

Мирбобо Мирраҳим низ муддати зиёда аз ду даҳсола хомӯш буд ва дар китобҳояш васфи пешвоёни динӣ мекард, аммо оқибат ба натиҷа расид, ки бас аст! Агар мақолаи ман дар ин натиҷа таъсиргузор бошад, бисёр шодам ва минбаъд ҳам омода ҳастам унвонгузориҳои таҳқиромези матолибашро бо дили бозу бекина бипазирам. Барои ҳамин матлаби охири ӯро дар ин ҷо ҳисса мекунам.

Тандурустӣ ва офияти шуморо мехоҳам, Мирбобо Мирраҳими гиромӣ!

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Аздо тв нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Сурия чӣ мегузарад? Ва авзоъ дар Ғазза чӣ гуна аст?

Мухолифони мусаллаҳи Башшор Асад шоми рӯзи 5-уми декабр эълон карданд, ки шаҳри Ҳамои Сурияро аз дасти нерӯҳои Башшор озод карданд.

Интиқоди Раҳмонов аз додрасҳои таъйинкардааш

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии ахираш кори низоми додгоҳии кишварро интиқод кард.

Мушкилоти беобӣ дар Бохтар ва Данғара ҳал мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ дар кишвар грант дарёфт кард.

Кунгураи Амрико: COVID-19 вабои табиӣ набуд

Палатаи қонунгузорони Кунгураи Амрико пас аз таҳқиқи дусола дар бораи пайдоиши вабои COVID-19 дар ҳаҷми 520 саҳифа гузориш таҳия кардааст.