23.9 C
Dushanbe

Эътирози тоҷирон дар бозори Шаҳритус. Дар паси тақсимоти нуқтаҳои савод кӣ меистад?

Тоҷирони бозори марказии ноҳияи Шаҳритус аз тақсими ҷойҳои тиҷораташон, ки се моҳ қабл оташ гирифта буд, норозӣ буда, даст ба эътироз задаанд. Ба гуфтаи онҳо ҳоло мақомот ҷойҳои ин тоҷиронро, ки аз 4-5-метрӣ иборат буд, ба 1-метрӣ тақсим кардаанд.

Рӯзи 29 август як гурӯҳ тоҷирон аз тақсими ба гуфтаи онҳо ноодилона ва ё нодурусти мақомот, ки ба онҳо 1 метр пешниҳод кардаанд, дар бозор ҷамъ омада хостори баргардонидани ҷойхои қаблиашон шудаанд.

Дар видиое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, дида мешавад, ки як гурӯҳи зиёди соҳибкорон дар бозор ҷамъ гардида, аз мақомот талаб доранд, ки ҷойҳои қаблиашонро баргардонад.

Ин бозор аслан дар ихтиёри “Тоҷикматлубот” қарор дорад, ки пеш аз сухтор зиёда аз 600 нафар фаъолият доштаанд.

Ба навиштаи “Радио Озодӣ” масъулони бозори марказии ноҳияи Шаҳритус ҳозир нашуданд, вазъи ба амаломадаро шарҳ диҳанд. Намояндагони идораи “Тоҷикматлубот” гуфтанд, аз норозигии соҳибкорон хабар доранд ва масъалаи тақсими ҷойҳоро дубора баррасӣ хоҳанд кард.

Мадина Кенҷаева, яке аз тоҷирони норозӣ ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, имрӯз ба намояндагӣ аз соҳибкорони норозӣ раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ду тоҷирро ба ҳузур пазируфта, ба шикояташон гӯш додааст. “Ҷаббори Ғаффор гуфтааст, нуқтаҳои фурӯши пешинаи соҳибкоронро диҳанд, вале то ин лаҳза ҳеч кор нашудааст. Дар сӯхтор соҳибкорон ба камаш 50 ҳазор – 80 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд”.

Вале як манбаъ аз Ҳукумати ноҳияи Шаҳритус ба “Аздо тв” ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, “Ин бозор ба ном ба ихтиёри Тоҷикматлубот қарор дорад ва дар тақсимоти ҷойҳои тоҷирон, на ба Тоҷикматлубот ва на Раиси ноҳия дахл дорад, онҳо ҳеҷ коре карда наметавонанд, зеро дар паси ҳамаи ин корҳо Муҳиб Асадуллозода додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки дар Шаҳритус бе иҷозаи ӯ касе як хасро аз ҷояш ҷумонда наметавонад”.

Шояд ба хотири интихоботи дар пешистода ҷойҳои тоҷиронро  се чор метр неву ду метри тақсим кунанд, вале боз  агар Ҳоҷи Муҳиб розиги диҳад, агар ӯ не гӯяд,  касе коре карда наметавонад, мегӯяд манбаи мо.

Айни ҳол дар ноҳияи Шаҳритус ду бозор фаъол аст, бозори марказӣ ва бозори “Ином”. Чанд сол пеш моликони бозори “Ином” бар сари тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев, ба таъбири худаш “номардбошу зинда бош” баҳс доштанд, ки дар натиҷа молики асосии бозори “Ином” Абдуллоев барои чанд сол равонаи зиндон шуд.

Оташсӯзӣ дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус  28-уми майи имсол рух дод. Тоҷирон мегӯянд, мақомот ба онҳо ваъдаи сабукӣ дар пардохти андозу баҳраҳои бонкӣ доданд, аммо нагуфтанд, ҷуброни зарарро кӣ пардохт мекунад. Мақомот зиёни сӯхтор дар бозори марказии ноҳияро беш аз 4 миллион сомонӣ (400 ҳазор доллар) ҳисоб карда буданд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст ва солҳои ахир зиёд иттифоқ меафтад. Мақомоти кишвар дар бештар мавридҳо мегӯянд, ки сабаби асосӣ риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ   бозорҳо аст. Бархе аз тоҷирон ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

Аммо ба назари тоҷирон дар ин гуна сӯхторҳо яке аз масъалаҳои баҳсбарангез ва ҳал нашаванда ин пардохт нагардидани зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор накардани тиҷорати онҳо мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.