24.9 C
Dushanbe

Раҳмон интихоби Кремлин?

Пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 сол аст дар ҳамин мақом қарор дорад, шуданӣ ва диданӣ буд. Вале баргузории референдум дар моҳи майи соли 2016 ва аз 35 ба 30 коҳиш додани синни довталаби мақоми олии кишвар ва зина ба зина то ба ин мақом наздик овардани Рустами Эмомалӣ, писарбузурги Эмомалӣ Раҳмон ин ҳадсу гумонҳоро барангехта буд, ки Раҳмон қудратро ба писараш медиҳад. Бахусус, ки бо аз арсаи сиёсати мамлакат берун андохтани ҲНИТ, танҳо нерӯи тавонои сиёсии ҳариф барои Раҳмон ва низ қабули қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат” хеле аз таҳлилгарон дар дохил ва хориҷи кишвар ба ин шакли интиқоли қудрат таъкид мекарданд.Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат,ки аввал як қонуни оддӣ ва сипас қонуни конститутсионӣ эътироф шуд,барои Раҳмон тамоми имтиёзҳоро ба унвони як раҳбар,шабеҳи раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон фароҳам мекард.Дар ҳар сурат Раҳмон дар қонунгузорӣ тамоми мавонеъ дар роҳи овардани Рустам ба ҷойи худ ва меросӣ кардани қудратро фароҳам кард,аммо чи хеле мебинем ӯро,ки феълан дар мақоми №2 қарор дорад,дар ҷойи худ наовард ва курсии қудратро надод.Ҳоло фикр мекунед чаро?

Вақте ҳама шароит ва ҳама қонунҳо барои интиқоли қудрат аз падар ба писар фароҳам карда шуд,дар дохил ҳеҷ қувва ва қудрате,ки мухолафат кунад, набуд ва нест ва ин барномаеро,ки болояш панҷ соли ахир кор карда буд-интиқоли қудрат-чи шуд,ки татбиқ накард?

Ба эҳтимоли зиёд Раҳмон зери фишор ва сабабҳое натавонист барномаи интиқоли қудрат ба писарашро иҷро кунад.Ва мусалламан ин авомил ва фишор болотар аз тавони Раҳмон аст.Ин гуна сару садоҳо,ки Путин барои номзадии Рустами Эмомалӣ “добро” надодааст,аз об дуруст баромад.Ин Русия аст ки мудохила кард ва Раҳмон ноилоҷ монд барномаи “валиаҳд” ва меросӣ кардани ҳокимиятро то чанд соли баъд мутаваққиф кунад.Ҳаводиси ахири Белорус як “асбоби аёнӣ”-и зинда барои Раҳмон шуд. Ҳаводиси Белорус ба суди Путин ҳам ҳаст.Чун Лукашенкоро дигар ба як лӯхтаки дасти Путин табдил кард.Раҳмон агар то ҳаводиси Белорус қасд дошт,ки ҳама ҳарфҳоро пушти гӯш карда ва Рустамро ҷойгузини худ кунад,баъди ин наметавонист.Чун Путин то ин ҳодиса ҳам маълум мешавад,ки “добро”надода буд.Баъди ин ҳодиса нагирифтани гапи Путин дар мавриди онки Рустамро қабул надорем ва дупоро дар як мӯза зер кардани Раҳмон,ки на   ҳатман Рустам Президент мешавад,баробар ба худкушӣ аст.Инро,ки Раҳмон аслан намехоҳад.

Боз дар ин васат яку якбора Чин даъвои Помир карда истодааст.Чин дар Мурғоби Бадахшон беҷиҳат беш аз 3.5 ҳазор неруи Артиши худро мустақар накардааст.Ва,ҳоло ки даъвои ташкили пойгоҳи низомӣ ва Бадахшонро ҳадафи худ қарор додааст,гузинаи дигареро барои Раҳмон,илло бозгаштан ба самти Русия ва дасту пойи Путинро бӯсидан чорае надорад.Вагарна “аждаҳои зард” ба як дам фурӯ мебарад. Зеро Раҳмон дар назди Чин аз хеле вақт пеш ва аз ҳар ҷиҳат муттаҳам аст.Вақте дар соли 2003 созишномаи вогузории 1100 км.квии хиттаи Бадахшонро ба имзо расонд, дар расонаҳо гуфта шуд,ки Раҳмон,ройгон надод.Ишораҳои он замон танҳо ба кӯмаку ёриҳои байнидавлатӣ набуд.Хабари ироаи хиттаи 1100 км(дар асл 1158 км.кв) аз ВКМБ,ки Русия дар ин қисмати қаламрави Тоҷикистон муносибат ва таваҷҷӯҳи хос дорад,ИТАР-ТААС нашр кард. Шафтолуи ин шаф-шаф ин аст ки Раҳмон таҳти фишор ва дахолати Путин ин навбат барои раёсати ҷумҳурӣ номзад шуд ва агар дар ихтиёри худаш буд,ҳатмани ҳатман Рустамро меовард ва худ дар як гӯшае рафъи хастагӣ мекард ва албатта,ки инони ихтиёри Рустамро ҳамеша дар даст нигоҳ медошт.Путин,ки нақша дорад дар соли 2014 боз ҳам вазифаашро идома диҳад,шояд мехоҳад,ки мисли худаш дарозумрони сиёсиро чун Лукашенко ва Раҳмон дошта бошад.Зеро дар ҳар сурат танҳо диктотури собиқ шӯравӣ ном намегирад.Ва,дигар ҳам ин аст ки Раҳмон барои ӯ болотар аз як губернатори худи Русия қиммате надорад ва ӯро аз хеле замон аст ки мешиносад. Дар ҳар сурат собиқ “моряк”- морфлоти СССР аст ва аз Калашников парронида метавонад.

Ҳамин тавр ҳароси аз Чин ва ҳаводиси Белорус Раҳмонро водор кард,ки ҳарфи Путинро бо гӯши ҷон бишнавад ва писарашро бизанад канор.Новобаста аз онки ду сол аст тавалло мекунад,ки барои муҳоҷирини депортшудааш аз Русия Путин  қонуни афв қабул кунад,ба ҳарфаш ҳатто эътино намекунад.

Вале назари яке аз собиқ наздикони худи Раҳмон,ки дар гузашта аз мансабдорони баланпоя будро зарур донистам инҷо биоварам.Вай гуфта буд,ки Раҳмон то мурдан курсиро ба касе намедиҳад,ҳатто ба писараш. Зимнан Раҳмон ин бор тамоми муҳлат ва марҳалаҳои ҳатто тамдиду тӯлоникардаи Қонуни асосиро тай кард ва агар референдуми соли 2016 набуд,дигар ӯ ҳаққи номзад шуданро надошт.Аммо дар ҳамин референдум як ҳиллаи ворид кардаашон, ки иҷозаи “якумрӣ” шудани Раҳмонро фароҳам кард,дар заминаи ҳамин қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат аст.Ҳоло акнун ин навбати 7солии Раҳмон ҳафтсолаи аввали давраи президенти модомулумрии ӯст. Бо ин Тоҷикистон ба як марҳлаи дигари давлати диктотурӣ ворид мешавад.Ин навбати раёсати Раҳмон баъди 28 соли раҳбарии ӯ ба Тоҷикистон аст ва агар то поёни он бимонад худи ӯ 75сола ва раёсаташ дар кишвар 35 сола мешавад.Дурусту дақиқ дар шумори маъдуд аз кишварҳои олам хоҳад буд,ки диктотура дар он на танҳо риёсат,балки бештар бедод мекунад. Фасоду ришват афзоиш меёбад. Боз ҳамон “Фароз”-у боз ҳамон “Спитамен” ва боз ҳамон хунрезиҳо дар марзи қирғиз, боз ҳамон муҳоҷирату боз ҳамон роҳҳои пулакӣ….хулоса боз ҳамон Раҳмон.Андешаеро,ки бо мухолифинаш бисозад,онҳоро баргардонад,озодиҳои маданиро ҳадди ақал дар шакли солҳои 2000-2005 таъмин кунад,матбуот,масоҷид,аҳзоб фаъолият дошта бошанд,аслан роҳ намедиҳад.Баракс,тиҷорати духтарҳову домодҳо ба канор,барои набераҳо ҳамчунин биҳишти рӯи заминро дар Тоҷикистон муҳайё месозад ва мардуми бечора фақат такрор ба такрор “шигрона” мекунанду бас.

Ба ин тартиб Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ бо зикри исми Раҳмон ба унвони довталаби интихоботӣ худи интихобот ва нафари барандаи онро ҳам эълон кард.Дигар ҳамаи корҳо,шурӯъ аз ташкили участкаву таҳияи бюллетену дигарур дигар ҳамагӣ кор техникианд.Абудҳалим Ғаффоров, Сайҷаъфар Усмонов ва ғайраҳу ғайраҳо ҳам кори техникианд.Раҳмон барои 7 соли дигар Президент боқӣ монд,агар ягон тасодуме ва ягон фалокате рух надиҳад….

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.