Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи сӯиқасд ва лату кӯби Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ-танҳо ҳизби мухолифи фаъол дар ватан аз тарафи афроди номаълумро такзиб кард.

Ин ҳодиса бегоҳи 22 сентябр дар наздикии манзили зисти ҷаноби Зойиров сурат гирифта буд. Вазорати дохилӣ бо интишори як баёнияи расмӣ изҳор дошт, ки раиси ҲСДТ-ро сагаш ба ҷуйбор афтондааст. Ва, бо ҳамин дурустии ҳодисаи ҳамла аз тарафи афроди номаълум ба ин сиёсатмадори мухолифи режими ҳоким дар кишварро таҳти шубҳа қарор дод.

Ин дар ҳолест, ки худи Зойиров баъди ду рӯз амали сӯиқасд ба ҷонашро ба мавзеъгириҳои ахири сиёсиаш дар робита ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва таҳрим эълон кардани он аз сӯи Шӯрои сиёсии ин ҳизб ва пайгирии сафарҳои ахири президент Раҳмон ба навоҳӣ, марбут донист:

"Дуруст, ҳизби мо ин интихоботро таҳрим кард, вале таҳрим кардан низ як навъи ширкат дар интихобот аст. Вақте шахс интихоботро таҳрим мекунад, вай метавонад сафар кунад, маълумот ҷамъ орад ва нишон диҳад, ки ин интихобот ғайриқонунӣ аст. Яъне, таҳрим ба маънии хомӯш нишастан дар як ҷой нест. Таҳрим низ як навъи ширкат дар интихобот, вале бар зидди ин интихобот аст. Мо ба хотири эътироф накардани натиҷаҳои интихобот дар он ба ин тарз ширкат мекунем."

Раҳматилло Зойиров дар сӯҳбатҳояш бо хабарнигорон изҳор дошт, ки барои таҳқиқи ин сӯиқасд ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ ин як кори бидуни натиҷа ва ҳадар додани вақт аст. Чунки мегӯяд, дар се соли пеш ҳам айни ҳамин ҳодиса ба вуқӯъ пайваста буд ва он вақт ҳадди ақал ду нафар аз ҳамлагарон шиносоӣ шуданд, аммо мақомот то ба имрӯз коре ба иҷро нарасониданд ва тафтишотро бенатиҷа гузоштаанд. Аз ин рӯ, ӯ ин бор кадом даъво ва муроҷиате накардааст:

"Ман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бовар надорам. Ба ин хотир аризае ҳам нанавиштам. Ҳамин хабари ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо худ бояд кофӣ бошад. Се сол пеш низ ҳамла сурат гирифта буд. Он замон бархе аз ҳамлагаронро шинохта будам, вале дар муддати се сол дар таҳқиқи ин ҳодиса ҳеч пешравӣ нест. Баръакс, мақомот ҷонибдорони ҳизб ва наздиконам ва ҳамсояҳои маро зери фишор қарор медиҳанд. Ба ин хотир, ба хулосае расидам, ки набояд бо аризаи нав вақти худро беҳуда сарф кунам. Бавижа, ки ман ҳатто чеҳраи ҳамлагаронро надидаам, танҳо медонам, ки ду нафар буданд ва яке зарба заду дувумӣ тела дод. Чеҳраҳояшонро надидам ва ҳатто намедонам чанд сола буданд."

Бад-ин ҷиҳат баёнияи Вазорати корҳои дохилии кишвар дар робита ба ҳодисаи мазкур мақоли мардумии “девори намкаш”-ро ба ёди кас меоварад. Бубинед, агар Вазорати корҳои дохила девори намкаш набуд ва дахлу алоқае ба ин ҳодиса надошт, чаро баёнияи расмӣ содир кард?! Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Зойиров бо сароҳат мегӯяд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ руҷӯъ накардааст. Мову шумо хуб медонем, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар чунин мавридҳо гӯшашро ба карӣ мезанад ва ҳамон баҳонаи сари забонии худ: “ба мо касе муроҷиат накардааст”, “шикояте ворид нашудааст”-ро пешкаш мекунад. Бахусус, агар чунин иттифоқот ба шахсиятҳое назири Зоиров, ки мухолиф ва мунтақиди режими ҳоким дар кишвар мебошанд, пеш ояд, тамоман сукут меварзанд, ингор чизе нашуда бошад.

Аммо ин бор чаро фук халонд? Гузашта аз ин баёнияи расмӣ содир карда ҳамсари Зойиров ва як ҳамсояи номаълуму ношиноси ӯро вориди қазия ва шоҳиди ҳодиса мекунад? То инки мардум бовар кунад, Зойировро сагаш озор ва осеб расонидаасту ончи ки ӯ ҳамла мегӯяд, дурӯғ аст.

Баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон намунаи дигар ҳамон тавзеҳи бешармона ва таҳқиромези Вазорати адлияи кишвар дар мавриди аз нони заҳролуд ба ҳалокат расидани зиндониён дар дохили автозак ба ҳангоми интиқоли онҳо дар соли гузашта аст. Ба ин маъно, ки мо -ҳукумати Тоҷикистон- ин зиндониҳоро худамон куштем, аммо шуморо мегӯем, ки онҳо аз нон заҳролуд шуданд. Яъне, мо зӯр ҳастем. Мекушематон ва ҷавобатонро ҳам медиҳем. Аз дасти шумо чӣ меояд?

Дурусту дақиқ баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам ҳамин мазмун, ҳамин маъно ва ҳамин паёмро дорад: “Ин худи мо, ин нақшаи мо, ин кори дасти мо аст ки Зоировро латту кӯб кардем. Чунки ӯ барои роҳати зиндагии мо ва ё зиндагии бароҳати мо мушкил эҷод карда истодааст”. Вагарна Вазорати дохилӣ ҳадди ақал як ҳафта ва ё даҳ рӯз мебоист таҳқиқ мекард, Зойировро мебурду бозҷӯӣ менамуд, маҳалли ҳодисаро медид, хулоса корҳои ба истилоҳ “фаврӣ-ҷустуҷӯӣ” анҷом медод, дурбинҳои мадорбастаи атрофро медид, роҳгузарҳоро мепурсид. Вале дафъатан баёния содир кардаву саги Зойировро гунаҳгор эълон кардану ӯро дурӯғгӯ баровардан чи маъно дорад?

Хуб, бигирем гуфту шумо, Зойировро саг кашола кард. Зойиров даст рӯи даст мешинад? (Аслан саги соқ, саги дастомӯз, ки содиқтарин ҳайвони аҳлӣ аст ба ҳеҷ ваҷҳ ба соҳибаш газанд намерасонад) Агар саг нофармонӣ карда занҷир ва ё ресмонашро кашола гирифт, чаро Зойиров то инки ба ҷуйбор афтад онро раҳо накард? Магар фаҳму фаросати як инсон ин қадар кам аст ки думодуми саг мераваду ба ҷӯйбор меафтад? Ҳамон занҷир ва ресмонро халос мекунаду ҷонашро раҳо кард, Магар ҳамин тавр не? Вале агар саг “қаҳраш” баромадаву хашмгин шудааст, пас чаро изи дандон ва ё нақши хароши чанголҳои он дар бадани Зойиров нест? Либосҳои аз изи дандони саг даридаи Зойировро Вазорати дохила муоина кардааст? Чаро сару рӯй ва ё дасту пойи Зоировро гоз нагирифтааст, хуншор накардааст? Ва ё саг тела доду ҳамла карду ба ҷубор афканд? Чаро он ҳамсояи беинсоф, ки шоҳиди ВКД аст омада Зойировро кӯмак накард? Аммо рафту ба ВКД “кӯмак” кард ва “алиби” сохт ва дар навор қироат кард? Кӣ ба ин “баёния”-и Вазорати умури дохилӣ-ҳимоятгари ҳуқуқу тартиботи шаҳрвандон ва ҷомеа бовар мекунад? Худи Вазорат ба ин баёнияаш бовар мекарда бошад? Қатъан ва абадан бовар намекунад. Дар асл мақсади нашри баёния ҳам ин аст ки бигӯянд, бале, Зойировро мо худамон задем! Ин аст паёми таҳтонӣ ва зимнии ин баёния, ки на танҳо ба Зойиров дахл дорад.

Зойиров як шахсияти матраҳ ва муътабари ҷомеа ва як мутахассиси умури ҳуқуқ, ки ба ҳайси вакили дифоъ дар садҳо мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат варзида ва бо тамоми ҷузъиёти кори “оперативникҳо”-ву “следствия” ошност, чи тавр метавонад ба ҳақи худ тӯҳмат ва “кори саг”-ро бори дӯши одамон кунад? Ва, ҷолиб ин ҷост, ки ин саг бо забони одамӣ Зойировро таҳдид кардаст: “ба Ӯзбакистонат рав”. Агар Зойировро фиристоданиед ба Узбакистон бо боқии узбакҳои Тоҷикистон чи кор карданиед? Ин луқмаро ба даҳани ҳамлаварон бо чи мақсаду нақшае гузоштаед? Агар Зойиров Узбакистон рафт, чи хоҳад гуфт? Манро узбак гуфта аз Тоҷикистон пеш карданд? Як раҳ ба оина нигоҳ кунед, ки шумо ба узбакҳо “ухша” мекунед ё Зойиров? Ба қошу қавора, чашму бинӣ ва ба лабу даҳанатон хуб “синча” кунед. Ҳоло, ки дидед, пай бурдед, кӣ узбактар аст? Шумо ё Зойиров ва кӣ бояд ба Узбакистонаш биравад?

Ин “афроди номаълум”, ки сиёсатмадорони дигарандеш ва хабарнигорони озодро таййи солҳои ахир мавриди азияту шиканҷаи ҷисмонӣ қарор медиҳанд, кианд? Анҷоми ин гуна аъмоли хилофи қавонин ва худсарона ва бидуни муҷозотро дар Тоҷикистон чиҳо ва чаро роҳандозӣ мекунанд? Пушти ин лату кӯб ва азияту озори ҷисмонии рӯшанфикрон ва мухолифон кӣ меистад ва мисоли ин саволҳое дигар, ки чаро то кунун ҳеҷ яке аз ин маворид ошкоро намешавад ва омилин чаро барои ин аъмоли ғайриқонунӣ посух намедиҳанд? Аксарияти мардуми кишварро бар ин хулоса овардааст, ки ба ҷуз аз худи мақомот кӣ метавонад бошад? Ҳадаф ҳам мегӯянд маълум: эҷоди тарсу ваҳшат дар қалбу равони мардум ва идомаи ҳифзи ҳузур дар қудрат. Бо задани Зойиров ва афроди муътабари мухолиф ва мунтақиди ҳукумат, қасд доранд ҷомеа ва шаҳрвандони кишварро ихтор диҳанд, ки ҳамроҳ шудан бо онҳо ва тарафдорӣ аз онҳо чунин паёмад дорад. Осебпазир ва бепуштупаноҳ ва заифу нотавон нишон додани онҳо ҳам ба ин маъно аст, ки  агар бо онҳо рафтед, ҳолатон чунин мешавад.

Бо чунин корҳо пушти нерӯҳо ва шахсиятҳои дигарандеш ва озодфикрро холӣ кардан мехоҳанд. Вале магар ин кори як давлат ва кори як ҳукумат аст? Магар идораи мулк ва раҳбари бо халқ бо чунин шева аст? Чӣ фарҳанге ва чӣ сиёсате ва чӣ давлату давлатдориеро ба намоиш мегузоранд? ВКД: "Раҳматилло Зойировро сагаш ба ҷӯй афтонд". Магар мешавад? Зойиров чаро, агарки саг буд, чунин сӯҳбат мекунад? Аз ин чи манфиат мебинад? Ӯ, ки дар користони интихобот ҳузур надорад. Як сиёсатмадоре аст, ки камтарин таъсире ба равандро надорад, чаро бояд дурӯғ гӯяд? То ҳамин имрӯз ӯ кай дурӯғ гуфт?

Вазорати дохила чаро ба ин қазия ворид шуд? Барои он ба қазия ворид шуд, ки бигӯяд муаллиф ман ҳастам ва на танҳо аз дасти Ятимов чунин корҳо бармеояд. Бехабар аз онки кори рэкет, ки шӯрапушт, кори боевикҳои Фронти халқиро дорад идома медиҳад, аммо бо истифода аз абзори корманди ниҳоди давлатӣ ва ҳамин тавр обрӯ ва ҳайсияти як ниҳоди асосии давлатро ба хоки сияҳ менишонад. Мегӯяд, ки шӯрапуштҳо, муштамзӯрҳо, гушнапурзӯрҳо доранд ҳокимият мекунанд.

Аз сӯи дигар бо интишори ин баёния болои як ҷинояти мудҳиш сарпӯш гузошта масъулиятро аз дӯшаш холӣ кард. Масъулияти ҷустуҷӯ, таҳқиқу ошкорсозии ин қазияро. Ва ҳамин тавр “афроди номаълум”-ро пӯшонд. Ва ин корро қаблан ҳам карда буданд, аз ҷумла се соли пеш бо худи Зойиров ва ҳамин тавр бо афроди матраҳи ҷомеа Раҷаби Мирзо, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадалии Ҳайит, Далери Шариф, Абдуллоҳи Ғурбатӣ. То кунун ҳеҷ яке аз ин ҳамлаҳои ноҷавонмардона ошкор нашуд ва пурсиш ҳам ин аст, ки вазорати дохила (Ҳукумат) натавонист ва ё нахост? Агар натавонист чаро натавонист ва агар нахост ҳам чаро нахост? Ин дигар рӯшан аст, ки мехоҳанд охирин садоҳои эътирозӣ, охирин шахсиятҳои мухолиф дар ватанро сокит ва суқут диҳанд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp , Viber ва Imo ба ин рақам: +48519767404 бифиристед.