Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.

Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раисулвузарои Толибон дар нишасте дар Кобул гуфта, ки мақомоти эронӣ ин миқдор муҳоҷири афғонистониро аз аввали моҳи июн то имрӯз ихроҷ кардаанд.

Ҳамзамон Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони Афғонистон 15 рӯз муҳлат додааст, ки аз кишвар хориҷ шаванд, дар ғайри ин сурат онҳоро ихроҷ хоҳад кард.

Чанде пеш расонаҳо аз он мегуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон даҳҳо шаҳрвнди Афғонистонро, ки баъд аз сари қудрат омадани Толибон фирор карда буданд, якбора бидуни додани муҳлат радди марз карда буд. Ҳатто бархе муҳоҷирон аз он шикоят доштанд, ки маъмурони амниятии тоҷик фурсати ивази либосро ба онҳо надода буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Покистон чанд моҳ қабл дар як иқдоми бесобиқа ҳазорҳо муҳоҷири афғонистониро бидуни додани муҳлат ихроҷ карда буд, ки аксари онҳо дар он кишвар таваллуд шуда ва онҷо бузург шуда буданд.

Мақомоти Эрону Тоҷикистон ва Покистон иддао доранд, ки муҳоҷиронеро ихроҷ мекунанд, ки асноди будубош надоранд ва даст ба қонуншиканиҳо мезананд. Аммо аз шикояти муҳоҷирони ихроҷшуда маълум мешавад, ки на ҳамаи онҳо қонуншиканӣ кардаанд ва ё бе асноди будубош будаанд.

Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки бархе аз муҳоҷирони ихроҷшудаи афғонистонӣ бо изҳори норозигӣ мегӯянд, 20-30 сол боз дар Эрон қонунӣ кору зиндагӣ кардаанд, вале маъмурони пулис ансонди онҳоро пора карда, бидуни додани муҳлате дар як рӯз аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Ин муҳоҷирон ба расонаҳо гуфтанд, ки маъмурони пулиси Эрон пас аз ҳамлаи Исроил ба ин кишвар муҳоҷирони афғонистониро ба ҷосусӣ ба фоидаи Исроил муттаҳам карда, бархеро зиндонӣ ва бархе дигарро ихроҷ мекунанд.

Ба назари коршиносон, яке аз омилҳои ихроҷи густурдаи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Покистону Эрон ин кам кардани фишори иқтисодӣ аз кишварҳояшон аст. Мехоҳанд бо ин тариқ ҷойҳои кориро барои шаҳрвандони худ бештар кунанд. Омили дигари ин иқдомро таҳлилгарон ривоҷи “руҳияи нажодпарастӣ” дар ҷомеаи эронӣ медонанд.

Аммо Эрон қаблан эълон карда буд, ки сабаби ин тасмимҳо “таъмини амнияти пойдор барои шаҳрвандон” аст. Ва мақомоти Тоҷикистон ҳам пеш аз ҳама ин иқдомро ба “таъмини амният” рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.